Мошинбозор: Даромад миллион, дарди сар ҳам миллион (аксҳо)

Чанд сол қабл бозори автомобилҳоро аз маҳаллаи Гипроземи пойтахт ба деҳаи Алабайтали ноҳияи Рӯдакӣ таҳвил доданд. Ин иқдом, агар  хотири аҳолии Гипроземро шод карда бошад, ки аз мағалу тамбашавӣ халос ёфтанд, вале хотири бисёре аз ронандагон ва ба истилоҳе мошинҷаллобонро мушавваш сохт.  Сабаби берун аз шаҳр ҷой додани ин бозор рафъи тамбашавӣ дар пойтахт унвон мешуд.  Шояд иқдоми масъулин дар ин самт ҳақ ба ҷониб бошад, аммо он бозори дур аз шаҳр ва ё метавонем онро биёбони бе об низ унвон кунем, одитарин шароитро надорад.

Биёбони бе об

Ҳангоме вориди мошинбозор мегардед, ҳатман чашматон ба нафарони сатилбадасти дасту остин барзада меафтад, ки дар ба дари ошхонаҳо ва ё ҳоҷатхонаи бозор об “гадо”-ӣ мекунанд. Маълум, ки соҳибони ошхонаҳо ҳеҷ гоҳ дар чунин як муҳити бе оби ба касе ҳатто барои хӯрдан об намедиҳанд, аммо масъул ва ё ба истилоҳ чекчини ҳоҷатхона барои гирифтани як сатил об пул талаб мекунад ва бад — ин восита ҳам коми худ ва ҳам коми роҳбариятро ширин мекунад. Дар як бозори калон, ки ғунҷоиши ҳазорон ҳазор мошинро дорад, як нуқтаи шустушӯи автомобил дида намешавад. Дар ҳоли ҳозир аз сабаби таъмири роҳи Душанбе -Бохтар мушкили ронандагону савдогарони мошин даҳчанд гардидааст. Дар ин роҳи пур аз чангу гард намои берунии мошин як тараф, ҳатто дохили он пур аз хок мегардад ва барои шустани мошин оби фаровон лозим, вале бозор қудрати таъмини обро надорад. Ба  ҳамин хотир, соҳибони мошин маҷбур мешаванд ё об “гадо” -и кунанд  ва ё як сатил обро бо арзиши 5 сомонӣ харида, мошини худро нимкола шӯянд.

Бизнеси об

 Субҳи содиқи рӯзҳои шанбе ва якшанбе даҳҳо кӯдакони деҳоти гирду атрофи бозор дар даст сатилу латтаи мошиншӯӣ ягона ҷумаки обрезии бозорро гӯё ба иҷора гирифта бошанд, ба навбат об гирифта, ба соҳибони мошинҳо мефурӯшанд ва ё ҳар як мошинро бо як сатил об бо  15-20 сомонӣ мешӯянд. Аслан, бозори автомобилҳо бо воситаи мошини обкаш, ки тақрибан ғунҷоиши 5-6 тонна обро дорад, таъмин карда мешавад.

Худ тасаввур кунед, дар ин бозор чандин ошхонаҳои хурду бузург,  дӯконҳои тезтайёр, растаҳои фурӯши молҳои ниёзи мардум фаъолият мекунанд ва ҳамаи онҳо ниёз ба об доранд, чӣ гуна оби кашида, ин ҳамаро таъмин мекунад?! Аҷиб, масъулини бозор сари ҳар моҳ аз савдогарону соҳибони ошхонаҳо 100 сомонӣ пули об талаб мекунанд, ба фикри ин  ҷониб рафтори масъулин дар ин бобат ғайримантиқӣ мебошад.

Масъулони бемасъулият

  Шояд борҳо масъулони бозор соатҳо навбатпоии соҳибони автомобилҳоро барои об мушоҳида карда бошанд, вале барои рафъи камбудӣ чаро чора намеандешанд? Сабаб одист, бемасъулиятӣ! Ташкили як нуқтаи шустушӯи автомобил ва ё таъмини оби фаровон ба воситаи қубурҳо барои бозоре, ки ҳар ҳафта миллионҳо сомонӣ даромад дорад,  наход кори мушкил бошад? Ҳолати дигаре, ки боиси нигаронист, мавҷуд набудани мошини оташхомӯшкунӣ мебошад. Албатта, дар бозор нуқтаҳои оташхомӯшкунӣ ба захираи об вуҷуд дорад, аммо аз чунин мавқеъҳо наметавон аз ҳолатҳои нохуш сари вақт пешгирӣ намуд. Мушкили дигар, таъмин набудани ҳоҷатхонаи бозор бо оби тозакунӣ аст. Хусусан, рӯзҳои якшанбе аз сабаби зиёд будани одамон кормандони ҳоҷатхона наметавонанд сари вақт ҳоҷатхонаро тоза намоянд ва дили кас аз даромадан ба он ҷо ғаш мекунад.

 Ин ва чанд мушкилоти дигарро бояд масъулини бозор бартараф кунанд, вагарна чунин омилҳои ба назар одӣ, вале дар асл ҷиддӣ метавонанд имиҷи давлату ҳукумат, аз ҷумла миллатро назди сайёҳону меҳмонони хориҷӣ паст намояд.

 Яҳё Маҳмаднабиев, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *