Москва: Барои 2 моҳ маҳдудиятҳо ҷорӣ шуд

Аз 13 ноябр то 15 январ дар муассисаҳои хӯроквории Маскав шабона хидмат расонидан ба меҳмонон манъ аст, маҳдудияти дахлдор аз ҷониби мири шаҳри Маскав Сергей Собянин ҷорӣ карда шуд.

Инчунин, бо фармони ӯ чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки тамошобин муваққатан қатъ карда шуданд. Сардори шаҳр ба роҳбарони донишгоҳҳо ва коллеҷҳои Москва дастур дод, ки ҳамаи донишҷӯёнро ба таҳсили фосилавӣ гузаронанд.

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин фармонеро имзо кард, ки маҳдудиятҳои нав аз 13 ноябр дар мубориза бо навъи нави коронавирус ҷорӣ магардад.

«Рӯзҳои охир афзоиши ин беморӣ зиёд ба назар расида истодааст. Аз ҷумла, 9 ноябр 6897 ҳолати ин беморӣ кашф карда шуд, ки ин анти-рекорд дар тамоми давраи пандемия мебошад. Ғайр аз ин, шумораи гирифторони дигар бемориҳои мавсимии роҳҳои нафас оҳиста-оҳиста меафзояд», — гуфт Собянин.

Ин омилҳо дар якҷоягӣ сарбории системаи тандурустии ватаниро, ки аллакай «ба ҳадди ниҳоӣ кор мекунад» зиёд мегардонад.

Ҳамин тавр, раиси шаҳр бо мақсади пешгирии паҳншавии босуръати вирус, хидмати меҳмонон ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатиро дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, барҳо ва клубҳои шабона — аз соати 23.00 то 6.00 манъ кард. Ин маҳдудият ба таҳвили хаткашон ва савдои маҳсулот таъсир намерасонад, онҳо метавонанд ҳамарӯза кор кунанд.

Ғайр аз ин, шаҳрдори Маскав ба роҳбарони донишгоҳҳо ва коллеҷҳои пойтахт амр дод, ки ҳамаи донишҷӯёнро ба таҳсилоти фосилавӣ гузаронанд. «Кортҳои нақлиётии донишҷӯёне, ки ба таҳсилоти фосилавӣ гузаронида шудаанд, муваққатан баста мешаванд», — гуфта мешавад дар фармон.

Шаҳрдори пойтахт аз донишҷӯён ва мактаббачагоне, ки ба низоми фосилавӣгузаштаанд, хоҳиш мекунад, ки дар хона бимонанд ва гардишро дар атрофи шаҳр ҳадди аққал кам кунанд.

Ҳамаи тадбирҳои дар боло зикршуда барои ду моҳ — то 15 январи соли 2021 ҷорӣ карда мешаванд. Дар хотима раиси шаҳр гуфт, ки «маҳдудиятҳои нав як тадбири фавқулодда ва ногувор аст, вале маҷбурӣ мебошанд» ва инчунин изҳори умедворӣ кард, ки онҳо барои наҷот додани ҳаёт ва саломатии бисёр москвагиҳо мусоидат хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки то 10 ноябри соли равон 1 817 109 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 дар Русия ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумор 31 161 нафар фавтида, 1 350 741 бемор шифо ёфтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *