Рустами Эмомалӣ ба мавсими ниҳолшинонӣ оғоз бахшид

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо шинондани аввалин ниҳол дар хиёбони ба номи Садриддин Айнии пойтахт ба маъракаи ободонӣ оғози расмӣ бахшид. Ин маъракаи сабзкорӣ дар пойтахт баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Тибқи иттилои маркази матуботи шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ шахсан дарахтони нав дар наздикии майдони Садриддин Айнӣ дар маркази пойтахт шинонд.

Дар ду шафати хиёбони Садриддин Айнии шаҳри Душанбе беш аз 300 ниҳоли дарахтони магнолия шинонида мешавад, ки ба шукӯҳи шаҳр шаҳомати тоза зам хоҳад кард.

Дар маҷмуъ, ин мавсим тибқи нақшаи пешбинишуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 100 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 10 миллион адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 3,5 миллион дона гулҳои лола шинонда ва парвариш меёбад.

Ёдовар мешавем, қаблан Рустами Эмомалӣ бобати ба «шаҳри сабз» табдил додани Душанбе аз сокинон даъват кард ҳадди ақал як ниҳол шинонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *