Мотами навбатӣ дар Туркия
Давлати Туркия ба хотири қурбониёни ду таркиши шаби 10 декабр дар назди варзишгоҳи “Водафон Арена”-и Истанбул як рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Сулаймон Сойлу – вазири умури дохилии Туркия – рӯзи 11 декабр гуфт, ки дар натиҷаи ин таркишҳо 38 нафар кушта ва беш аз 160 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
«Сӣ нафари онҳо маъмури пулис ҳастанд», — афзуд ӯ. Таркиш баъд аз анҷоми мусобиқаи футбол рух дод, ки дар онҷо теъдоди зиёди пулиси зидди шӯриш ва сокинон ҳузур доштанд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, дар изҳороте ин ҳамларо террористӣ номид ва гуфт, ҳадаф аз таркондани мошини бомбгузоришуда баъди бозии футбол «теъдоди зиёди қурбониҳо будааст». Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ин таркишҳоро бар ӯҳда нагирифтааст. Вале Анкара ҷангҷӯёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва шибҳанизомиёни курдро дар таркишҳои гузашта дар ин кишвар айбдор кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ