Тағйиротҳои кадрӣ дар вилояти Хатлон

Эмомалӣ Раҳмон,президенти Тоҷикистон бо фармонҳои худ раисони чор ноҳияи ҷануби кишварро аз вазифа кардааст. 

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, раиси шаҳри Сарбанд Чиллазода Қарахон, раиси ноҳияи Темурмалик Гулмаҳмадзода Мирзохон, раиси ноҳияи Фархор Раҳимзода Раъно ва раиси ноҳияи Қубодиён Абдураҳмонзода Саидумрон Назар “бо сабаби ба кори дигар гузаштан “аз вазифа озод шуданд.

Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳур Файзуллозода Зафар Хайруллоро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён, Вализода Сулаймон Кабутро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор ва Самизода Санавбар Зайнуллоро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон таъин кардааст: “Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслзода Эмомиддин Муҳриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таъин карда шуд”.

Бар асоси қарори дигари ҳукумат Абдураҳмонзода Саидумрон Назар муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *