Муқимҷон Абдуфаттоев: “Хандинкамон” пароканда намешуд, зеро… (видео)
Театр-студияи “Хандинкамон” – яке аз маъруфтарин дастаҳои ҳаҷвии кишвар 20-сола шуд. Ба ин муносибат сарвари он ҳунарманди шинохта Муқимҷон Абдуфаттоев меҳмони барномаи “РӮ ба РӮ”-и Youtube-канали Pressa.tj буд. Дар ин суҳбат ӯ аз таърихи таъсиси “Хандинкамон”, шебу фарози роҳи он ва мушкилоти ҳаҷви кишвар суҳбат кард…
Аз “Бӯстон” то “Хандинкамон”
— Муқимҷон, ҳаҷв дар ҳаёти шумо кай ворид шуд?
— Солҳои пеш дар назди мактабҳои миёна кружокҳои ҳаваскорӣ фаъолият мекарданд, монанди кружоки навозандагон, кулолгарон, рассомон, дӯстдорони табиат ва ғ. Ман ҳам аз даврони мактабхонӣ ба кружоки драммавӣ мерафтам. Каримов Нарзуллохон ном муаллим ҳамроҳи мо намоишномаҳои хурд-хурд ба саҳна мегузоштанд. Он солҳо ҳаҷви тоҷик хеле пешрафта буд ва тариқи телевизион устодони ҳунари тоҷик барномаҳои рангин таҳия мекарданд. Ман ҳам кӯшиши ба онҳо пайравӣ кардан доштам, худамро гоҳо дар ҷояшон тасаввур мекардам. Ҳамон солҳо Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Бӯстон” баргузор мешуд. Мо аз номи шаҳри Исфара ширкат карда, як намоиш таҳия кардем, ки “Таксӣ” ном дошт ва аз тарафи ҳакамон 10 хол гирифт. Ҳарифамон шаҳри Истаравшан буд. Ҳамин тавр, сарнавишти банда ба ҳаҷв пайванд шуд…
— Вале шумо Техникуми хӯроквориро хатм кардед…
— Бале, зеро то ширкат кардан дар “Бӯстон” ва КВН – Клуби ҳозирҷавобон ман ба худ боварӣ надоштам. Бинобар ин, техникуми саноати хӯроквориро бо ихтисоси муҳандис-технолог ва муҳандиси нонпазӣ хатм кардам…
— Пас, чӣ тавр сарнавишти хешро ба ҳунар пайвастед?
— Баъди ширкат дар чорабиниҳои гуногун, аввал маро ба Театри халқии шаҳри Исфара ба кор даъват карданд. Баъди чанд муддат бо даъвати раиси вилояти Суғд Қосимҷон Раҳбарович Қосимов ба шаҳри Хуҷанд омадам. Яъне, то соли 2000-ум ман аллакай дар Хуҷанд будам ва бо ҷавонон саҳнаҳои хурд мегузоштам.
Рангинкамони ҳаҷв
— Идеяи таъсиси “Хандинкамон” чӣ тавр пайдо шуд?
— Корҳои маро дида, як рӯз Қосимҷон Раҳбарович гуфтанд, ки бояд расман як муассисаи давлатӣ таъсис диҳем ва ҳунармандонро ҷамъ карда, театри ҳаҷвӣ созем. Ҳамин тавр, Гулбаҳор Ғаффорова, Сулаймон Саидғозиев, Роман Сатторов ва дигаронро аз гӯшаву канори вилоят ҷамъ оварда, театр-студияро таъсис додем. Ва 3 майи соли 2003 нахустнамоиши Муассисаи давлатии “Театр-студияи “Хандинкамон” дар саҳнаи Театри Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид. Шодравон Ислом Саломов он рӯз ба саҳна баромада гуфтанд, ки жанре ки шумо интихоб кардед, душвортарин аст, вале агар қафо гардед, мегӯянд, ки зӯрашон нарасид… Ва пирони ҳаҷв дар вилояти Суғд Абдураҳим Неъматов, Ҳоҷибой Тоҷибоев низ ба мо дуо доданд. Дуои ҳаминҳо буд ё талоши худамон, ки мо ба ягон душворӣ нигоҳ накарда, пеш меравем.
— Номи театр-студияро чӣ гуна интихоб кардед?
— Интихоби ном аз оғоз ба дӯши ман афтод. Ҳамон вақт дар яке аз телевизионҳои Суғд “Рангинкамон” ном барномаи ҷолибе буд. Дар пайравӣ ба ҳамон ман номи театр-студияи навро “Хандинкамон” гузоштам. Ҳоло бисёриҳо мегӯянд, ки “Хандинкамон” маънӣ надорад, вале муроди ман нишон додани ҳафт ранги зиндагӣ тариқи ҳаҷв буд.
Тими беҳтарини ҳаҷвӣ
— Табиист, ки барои рушди кори дастаи ҳунарӣ нақши ҳунармандон бисёр бузург аст. Шумо тими “Хандинкамон”-ро чӣ гуна ҷамъоварӣ кардед?
— Аллакай замина барои ин ба вуҷуд омада буд. Дар Исфара мо дар КВН — клуби ҳозирҷавобон ширкат мекардем. Баъдан дар заминаи ин мо як гуруҳ таъсис додем, “Исфаринские ҷентелмени”, ки бо шеваи нав саҳнаҳои ҳаҷвӣ таҳия мекардем. Ману Гулбаҳор аз ҳамон вақт шинос будем. Бинобар ин, баробари таъсиси театр-студия ӯро даъват кардам.
— Сулаймон Саидғозиевро чӣ гуна ба тими нав ҷалб кардед?
— Ҳамон сол ҷарроҳии кӯрруда шудам. Дар беморхонаи Исфара мехобидаму як нафар ба ман “банка” бояд мемонад. Ба пушт хобида эҳсос кардам, ки дастҳо мардона, вале овоз занона. Аз ҳамон ҷо ба Сулаймон шинос шудам. Ӯ типажи хеле аҷиб буд. Пешниҳод кардам, ки бо мо кор кунад. Ӯ ҳам розӣ шуд. Баъди як ҳафта ӯро аз сардухтур ҷавоб гирифта, ба Хуҷанд овардам. Як-ду саҳна бозӣ кард, ки ҳунарманди беназир аст. Бинобар ин, ӯро маҷбур кардам, ки аз кори асосӣ ариза навишта, ба театр-студияи мо пайвандад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Баъдан театр-студияи “Коно ва Доно” — Фатҳулло Абдуллоев ва Каримҷон Ғафуровро даъват кардем, ки ҳар ду ҳунармандони беҳтарин ҳастанд. Ғайрат Ҳамроқулов як муддат бо мо кор карданд. Сипас, донишҷӯёнро даъват кардем…
— Мирзоумар Мирзоаҳмадов як муддат ҳамкори шумо буданд…
— Он кас дар баробари фаъолият дар Театри Хоҷа Камол дар бозор савдо мекарданд. Чанд бор рафтам, ки омада бо мо кор кунед, вале розӣ намешуданд. “Ман актёри театри касбӣ бо шумо кор карда наметавонам”-мегуфтанд. Бо вуҷуди ин, эшонро розӣ кардам. Баъди як муддат кор бо мо писандашон омад. Ҳатто чанд бор гуфтанд, ки “Хандинкамон” маро машҳур кард! Бо он кас кор кардан аз нигоҳи касбият ба мо фоида дод, зеро он кас ҳамчун актёри ҳирфаӣ ба мо зиёд чизҳоро омӯзониданд.
— Яке аз актёрҳои шинохтаи “Хандинкамон” Қаҳрамон Ёров аст. Ӯро чӣ гуна пайдо кардед?
— Ман одат дорам, ки то дер дар офис, ки дар таҳхона аст, кор карда мешинам, саҳнаҳои нав менависам. Як рӯз вақти кор касе дарамро кӯфт, нигоҳ кунам, касе нест, сарамро хам карда, ба корам идома додам, ки боз дар тақ-тақ шуд. Боз нигоҳ кардам, ки касе нест. Дар ин вақт Қаҳрамон таги биниам омада будааст. Фикр кардам, ки ӯ соҳиби кадом тӯй аст, вале гуфт, ки бо шумо кор кардан мехоҳам. Ӯро қабул кардам. Аввал актёрҳо зид буданд, гуфтанд, ки ин ҷо театри маъюбон мешавад, вале ман ба ӯ бовар кардам. Ва инак, беш аз 15 сол аст, ки ӯ бо мо кор мекунад ва яке аз беҳтарин ҳунармандон аст.
Фатҳи Душанбе
— Шумо дар муҳити вилояти Суғд зуд шинохта шудед. Ба саҳнаҳои калони пойтахт чӣ тавр роҳ ёфтед?
— Он вақт дастаҳои ҳаҷвӣ зиёд буданд. Ҳаҷвнигорон низ зиёд буданд. Вақте ман ба Душанбе омадам, рост ба Театри Лоҳутӣ рафта, ба назди Исо Абдурашидов даромадам. Гуфтам, ки мехоҳам дар саҳнаи шумо консерт монем. Он кас аввал дудила ва баъдан розӣ шуданд. Ҳамин тавр, соли 2005 консерти нахустини “Хандинкамон” дар Душанбе баргузор шуд. Толор камодам буд. Вале оҳиста-оҳиста Душанбе моро пазируфт. Ҳамин тавр шуд, ки соле то се-чор маротиба дар Душанбе консерт медодем.
— Ҳоло чаро дар пойтахт камтар консерт баргузор мекунед?
— Зеро нархи толорҳо ниҳоят гарон аст. Фақат нархи реклама дар пойтахт беш аз даҳ ҳазор сомонӣ аст. Мо вақте ба Душанбе меоем, бояд хароҷоти роҳи 8-10 нафар, хӯрду хӯрок ва ҷойи хоби онҳоро таъмин кунем. Толор иҷора гирем ва илова бар ин, ду-се танга кор карда равем. Барномаи мо хароҷоти маро намепӯшонад…
Рахнае, ки дар тим пайдо шуд!
— Солҳои охир атрофи номи “Хандинкамон” овозаҳои зиёд чарх мезанад. Мушоҳида кардем, ки як замон тими “Хандинкамон” пароканда шуд. Ин рахнаро сабаб чӣ буд?
— Зиндагӣ қонуну қоидаҳои худро дорад. Масалан, яке аз ҳунармандони мо Анис Ғоибов барои кор ба Англия рафт. Бачаҳои ҷавон вақте фарзанддору калонсол мешаванд, ташвишҳои зиндагиашон меафзояду мераванд. Сулаймон духтарашро ба як шаҳрванди хориҷӣ ба шавҳар дод. Ва аз кишвар рафт. Вақте “Коно ва Доно” аз мо ҷудо шуданд, Гулбаҳор Ғаффорова шавҳар карду шавҳараш кор кардан намонд. Қаҳрамон Ёров, Мирзоумари Мирзоаҳмад, Шарифҷон Раҳимӣ ва ман мондем. Ман озмун гузаронида, чеҳраҳои навро ҷалб кардам, вале онҳо зуд ҷойи нафарони аввалро гирифта натавонистанд. Бинобар ин, дар миёна як пауза ба миён омад. Вале ҳеҷ гоҳ масъалаи барҳам хӯрдан ё пароканда шудани театр-студия ба миён наомадааст, ман ҳеҷ гоҳ намегузоштам ва намегузорам, ки ин кор шавад…
— Ҳоло вазъи тими шумо чӣ гуна аст?
— Баъди бемор шудани Фатҳулло Абдуллоев фаъолияти “Коно ва Доно” мутаваққиф шуд. Каримҷон Ғафуров ба Истаравшан рафта, мудири шӯъбаи фарҳанг таъйин шуданд. Гулбаҳор ба “Хандинкамон” баргашт. Ҳоло мо ҳаракат дорем, ки Сулаймон баргардад. Ҳоло 8 ҳунарманд дорем. Нозанинхонро аз Конибодом даъват кардем, ки хеле актрисаи хуб аст. Аз Панҷакент Рифъатҷон овардем… Хулоса, кори мо пеш рафта истодааст.
— Бахшида ба 20-солагии “Хандинкамон” чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред?
— Бахшида ба ин сана рӯзи 6 май дар Хуҷанд барномаи нави консертӣ баргузор мекунем. Ҳамин сол дар Душанбе низ консерт баргузор хоҳем кард. Нақшаҳо зиёд аст, фақат кор мебояд кард.
Мусоҳиб: ОДИЛ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ