Аз ҳуқуқшинос то журналист аз ДМТ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд

Имрӯз, 29 апрел ҳудуди 400 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хизмати аскарӣ гусел карда шуданд.
Тавре ки ба Pressa.tj аз раёсати донишгоҳи мазкур хабар доданд, ҳамаи ҷавонон  бо руҳи болида дар фазои хосе дар саҳни донишгоҳ ҷамъ омада буданд.
Гуфта мешавад, ки ин гурӯҳи хатмкунандагони донишгоҳ  ихтиёрӣ ба хизмат рафта истодаанд ва нисбат ба соли гузашта 2 маротиба бештар мебошанд.
«Дар ин маъракаи муҳими ватандӯстӣ саҳми ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода муассир аст. Суҳбатҳои бевоситаву алоҳидаву озоди ректори донишгоҳ бо хатмкунандагон боис гардид, ки сафи онҳо ба маротиб имсол афзояд. Зимнан, аз ҷониби раёсати донишгоҳ барои онҳо имтиёзу ҳавасмандиҳо роҳандозӣ гардидааст. Яке аз чунин имтиёзҳо ин аст, ки онҳо имтиҳони хатмро пеш аз мӯҳлат супориданд»,- иттилоъ доданд аз ДМТ ба Pressa.tj.
Дар чорабинӣ гусели наваскарон аз ДМТ намояндагони шаҳри Душанбе ва вазорати мудофиаи кишвар низ ҳузур доштанд. 

Ҳамин тавр, аз ҳуқуқшинос то журналист, иқтисодчиву биолог, дипломат, таърихчӣ, филолог, физик, химик, геолог, математик ва дигар соҳибихтисосҳо, ки имрӯз ба сафи Артиши кишвар шомил мешаванд, аввалин қадамҳои худро дар ҷодаи касбу зиндагӣ мегузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *