Маърифати исломӣ: Ҳукми кашидани сигору калян

Қаблан ҷавонон бештар сигор мекашиданд, ҳоло бошад, қалюн ва ё тарёк мекашанд. Дини ислом ба ин амал чӣ назар дорад?

СУБҲИДДИН, шаҳри Душанбе

Посух:

— Аввалан, истеъмоли маводи мухаддир, бидуни тардид, ҳаром аст. Чаро ки аз як сӯ ба бадан осебҳои ҷиддӣ ва хонумонсӯз мерасонад, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: «Худро бо дастонатон ба ҳалокат наяндозед». Ва аз сӯи дигар мисдоқи боризи изоъаи мол шумурда мешавад, дар ҳоле ки Худованд фармудааст: «Ва (моли худро) талаф накун. Чаро ки талафкунандагони мол бародарони шаётин ҳастанд ва шайтон Парвардигорашро бисёр носипос аст».

Чунон ки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: «Шунидам ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мефармояд: Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам тарёк истеъмол намекард ва назарбанд намеовехт ва аз худ шеър намесуруд».

Ва яке дигар аз ёронамон моро хабар дод, гуфт: «Аз он ҳазрат дар бораи тарёк пурсидам, пас фармуд: Ҳароина он монанди хамр ва қимор аст, ки дар онҳо гуноҳи бузург ва манофеъӣ барои мардум аст ва гуноҳи онҳо аз нафъи онҳо бузургтар аст, пас аз он иҷтиноб кунед, бошад ки растагор шавед! Гуфтам: Аз фуқаҳо касоне ҳастанд, ки онро истеъмол мекунанд! Фармуд: Аз фуқаҳо чӣ мехоҳӣ?! Оё фуқаҳо аз мардум ҳастанд?!».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *