Нигаронӣ: Гадоӣ ҳам қоида дорад?

Донишмандону ҳакимони мардуми тоҷик дар тӯли асрҳо доир ба ҳамаи касбу ҳунар одобҳо ва қоидаҳоро ҷорӣ карда буданд. Аз ҷумла, гадоӣ — талбандагӣ ҳам қоидаҳои худро дошт.

Қоидаҳои гадоӣ ва дигар касбу ҳунарҳо дар китоби «Матлаъ-ул-улум ва маҷмаъ-ул-фунун»-и Воҷидалии Муҷмалӣ (асриXIX) шарҳу тавзеҳ ёфтааст. Асари номбурда дар Ҳиндустон таълиф гардидааст ва хусусияти энсиклопедӣ дорад. Маълумоти лозимӣ доир ба ҳар илму ҳунари дар замони муаллиф мавҷуда дар ин китоб оварда шудааст.

Чунончи, яке аз фаслҳои китоб ба масъалаи гадоӣ бахшида шуда, «Дар фанни гадоён» унвон дорад. Муҷмалӣ аз саргузашти гадои машҳури араб — Аббос мисол меорад. Рӯзе дарвеше омада аз Аббос хоҳиш мекунад, ки қоидаҳои гадоиро ба ӯ омӯзонад. Аббос ба дарвеш чунин дарс медиҳад: «Гадоӣ се асл дорад ва чун ин ҳар се аслро дарёбӣ, гадои комил бошӣ. Асли аввал он, ки савол кунӣ ҳар ҷо, ки бошад, асли дувум он, ки савол кунӣ аз ҳар кас, ки бошад. Асли савум он ки бигирӣ ҳар чӣ, ки бидиҳанд». Ин се қоидаи асосии гадоӣ аст. Яъне дар ҳар ҷо бояд гадоӣ кунад, аз ҳар кас бояд талабандагӣ кунад ва қоидаи савум ҳар чӣ диҳанд, бигирад.

Воҷидалии Муҷмалӣ дар идомаи фасл гадоёнро мазаммат кардааст, ки худро доно ва ҳаким вонамуд мекунанд ва ба қироати ашъоре мепардозанд, ки дар онҳо Худованд ситоиш мешавад.

Боз таъкид мешавад, ки гадоён хеле зирак ва шахсоне ҳастанд, ки мардумро ба худ ҷалб карда метавонанд. «Чун касе ба доми фиреби эшон дарояд, аз ӯ бештар ҷома ва либос кананд ва ҷомаҳо, ки ба гадоӣ ҳосил кунанд, ба шаҳри дигар рафта бифурӯшанд»,- овардааст Муҷмалӣ. Бо ин гуфтаҳои худ Воҷидалии Муҷмалӣ хонандаашро огаҳ месозад, ки ба доми фиреби гадоён ва дарвешон нафароянд.

Аммо чун бо гадоёни имрӯза рӯ ба рӯ мешавем, аз рафтору кирдорашон ба ҳайрат меафтем. Онҳо на дар ҳар ҷо, балки дар ҷойҳои серодам, на аз ҳар кас, балки аз одамони хушлибосу олуфта талабандагӣ мекунанд. Ҳар чизи додаро гоҳо намегиранд. Агар танга диҳӣ, пули коғазӣ мепурсанд. Ин кирдорҳо мутобиқи қоидаҳои гадоӣ набудааст.

Исломҷон РАҲИМОВ, фарҳангшинос

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *