Қиссаи 75 дурра. Оё Айнӣ ҳимоятгаре дошт?

Боре ман дар рӯзномае дар бораи шоиру нависандаи классики фаронса Виктор Ҳугу (с. 1802-1885), ки имрӯз фаронсавиён бо номаш ифтихор доранд, қиссае хондам.

Дар он гуфта мешуд, пас аз нашри романи «Радди маъракашудагон» ё “Мардудшудагон” (тарҷумаи русияш “Отверженные”), ки дар бораи зиндагии сахти табақаи коргар буд, ҳукумати вақти Фаронса Виктор Ҳугуро ба туҳмат ба воқеияти зиндагии Фаронса муттаҳам карда, эълон медорад, ки ӯ бояд ба додгоҳ кашида шуда, маҳкум гардад. Ҳугу махфӣ мешавад, ҳукумат ба расонандаи хабари ҷойи буду боши нависанда додани 50 ҳазор франкро эълом мекунад, ки ин дар асри ХIХ хеле маблағи калон буд. Виктор Ҳугу ба кишварҳои дигар мегурезад ва пас аз чанде пинҳонӣ ба Париж бозмегардад ва шабе айнаку кулоҳ пӯшида, ки нашиносандаш, ба хонаи яке аз дӯстонаш рафтанӣ шуда, ба фойтуне (ароба) менишинад ва чун ба хонаи дӯсташ мерасад, ба фойтунчӣ 5 франк роҳкиро дароз мекунад, ки аз пули хидмат чанд баробар зиёд буд.

Фойтунчӣ мегӯяд:

— Ҳамин ҳоло касе, ки аз баҳри 50 ҳазор франк гузашт, метавонад бе ин 5 франк ҳам зиндагӣ кунад, ба худатон монед, лозим мешавад.

Ҳугу беихтиёр “Воҳ!” мегӯяд ва мегӯяд:

— Миллате, ки як нафар ҳамин гуна одам дошта бошад, нобуд нахоҳад шуд.

Вақте ин қиссаро мехондам, беихтиёр аз чашмонам ашк ҷорӣ мешуд ва ман моҳҳо зери таъсири он будам ва фикр мекардам, ки дар миллати мо ҳам оё ҳамин гуна шахсе пайдо мешуда бошад, то рӯзе яке аз нашрҳои қиссаи “Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам”-и устод Айниро мехондам, ки дар поварақ зернавиште дошт. Устод навишта буд: “Вақте маро аз ҳуҷраам дастгир карда, бо туҳмати он ки гӯё дар намоиши шукронаи ҷадидҳо иштирок карда бошам, ба арки амир оварда, назди қӯшбегӣ (сарвазир) ба зону афтонданд, қушбегӣ аз рӯйи шариати мусулмонӣ барои муайян кардани шахсияти ман аз ҳозирин пурсид: “Ин аст Айнӣ?”. Бояд се нафар тасдиқ мекард. Ҳамаи дарбориён бо як овоз “бале, ин аст Айнӣ!” гӯён фарёд заданд. Ман танҳо садое шунидам, ки мегуфт: “Не, ин Айнӣ нест!”. Ман тарафи он садо нигоҳ кардам, кист, ки чунин мегӯяд ва дидам, ӯ дутории дастаи машшоқони амир буд, ки маро хуб мешинохт”.

Устод Айнӣ қиссаро давом дода, менависад: “Хуб шуд, ки қӯшбегӣ дар байни он садоҳо садои ӯро нашунид, вагарна барои ин дурӯғаш ӯро ҳам ба 75 дурра задан маҳкум мекард, ки ҳатман мемурд, зеро баъд аз ин гуна ҷазо касе зинда намемонд”.

Вақте ин қиссаро хондам, ҳамон ҳолате, ки бо ман пас аз хондани қиссаи Виктор Ҳугу рух дода буд, такрор шуд, вале ин дафъа таскин ёфтам, зеро дар ҳолати аввал фойтунчии фаронсавӣ барои ҳимояти шоиру нависандааш аз баҳри маблағи ҳангуфте, ки метавонист то охири умр шоҳона зиндагӣ кунад, гузашта бошад, дар ҳолати дувум дутории камбағали тоҷик аз баҳри ҳаёташ гузашта буд.

Пас, месазад, ки шоиру нависанда новобаста аз чигунагии рӯзгораш нависад, зеро ҳамеша як нафар ҳамчунин касе пайдо мешавад.

Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *