Об диҳед, то аз ҳосил бенасиб намонем!

Ба таваҷҷуҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Ба таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Дар натиҷаи якбора ва ғайричашмдошт паст шудани ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои 15-16-уми апрели соли равон аксарият зироати кишоварзиро сармо зад.

Аз ҷумла, дарахтони ангур ва картошка, ки зироати асосӣ дар хоҷагии деҳқонии «Роҳи абрешим» ва дигар ҳоҷагиҳои деҳқонӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент мебошад, талаф ёфтааст.

Тибқи гуфтаи деҳқонони рӯзгордида, агар дар ин шабу рӯз ба ангур ва картошка об дода нашавад, ба ҳосил умед набандад ҳам, мешавад.

Вале ҳоло қатрае об нест.

Аз ин рӯ, аз роҳбарон ва масъулин хоҳиш менамоем, ки ҳарчи зудтар об диҳанд, то аз ҳосил бенасиб намонем.

Пешвои муаззами миллат дар ҳар баромади хеш таъкид менамоянд, ки бояд ҳарчи бештар ҳосил ҷамъоварӣ кард, то ин ки дар вазъияти буҳрони озуқавории ҷаҳонӣ худро бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи худӣ таъмин карда тавонем.

Обёрӣ кардани дарахти ангур ва картошка имкон медиҳад, ки ба қадри имкон ҳосил ба даст орем.

Агар бепарвоиро ихтиёр намоем, ба зарари мардуму фаровонии бозор мешаваду халос.

Зуҳриддин УМАРОВ, шаҳри Панҷакент

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *