Тоҷикистон дар CAFA Nations Cup 2023 ширкат мекунад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup 2023», ки аз 11 то 20-уми июн зери сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

CAFA расман дастаҳоеро, ки дар нахустин мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ширкат мекунанд, эълон кард. Инҳо тимҳои миллии Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва Уммон мебошанд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Бозиҳо дар гурӯҳи «А» бо ширкати чор даста дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд. Бозиҳо дар гурӯҳи «В» бо ширкати се даста дар Бишкек сурат мегиранд.

Бар асоси низомномаи мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2023», дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила доир мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои зинаи сеюм мубориза мебаранд.

Таркиби сабадҳо дар қуръакашии мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2023»:

Сабади 1: Эрон, Ӯзбекистон (мизбони гурӯҳ).

Сабади 2: Қирғизистон (мизбони гурӯҳ), Тоҷикистон.

Сабади 3: Туркманистон, Афғонистон.

Сабади 4: Уммон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *