Гулдаста Шарипова: Келинҳоямро баробари духтаронам медонам

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» модари серфарзанд, сокини шаҳраки Фархори ноҳияи Фархор Шарипова Гулдаста мебошанд.

Саволи мо ба модари азиз чунин аст:

— Моҷарои байни келину хушдоман, ки аксар вақт боиси хонавайронӣ мегардад, бисёртар аз чӣ сар мезанад?

— Аз якдигарнофаҳмӣ, ки сарчашмаи он бемаърифативу ҷоҳилӣ аст. Оё ҳамин дунё арзиши онро дорад, ки мо моҷарову ҷангу ҷанҷол карда, ҳаёти ширини худро, ки ҳамагӣ як бор аз тарафи Парвардигори ҳаждаҳ ҳазори олам ба мо ҳадя мешавад, заҳрогин созем? Барои ин тарбияро аз оила сар намудан лозим аст, зеро ҳар духтаре аввал келин ва баъд хушдоман мешавад. Дар назари духтар аз хушдоман деви ҳафтсар сохтан боиси бадбиниву тарс мегардад, бояд духтарро чунин тарбия кунем, ки хушдоман ҳам модар аст ва бо умед як умр аз нони даҳонаш зада ҷиҳоз ҷамъ мекунад, то барои келинаш анҷоми қимматбаҳо харида, ўро ба хонааш биёрад. То як писар калон мешавад, ки дили модар хун мегардад, ягон модару падар намехоҳад фарзандаш азоб кашаду бадбахт бошад. Хушдоманҳо низ набояд дар марзи дили келин тухми тарсу ҳарос коранд, бояд ҳама корро бо мулоиматӣ ба эшон фаҳмонанд.

Чор келин дорам ва онҳоро дар баробари се духтарам дўст медорам, ҳаргиз гапи баде нагуфтааму ба зиндагияшон дахолат накардаам. Дар интихоби домоду келин низ аввал фикри фарзандонамро пурсидаам, ин хеле муҳим аст. Охир, бо келину домод на мо, балки фарзандонамон зиндагӣ мекунанд, пас бояд дили онҳоро ба назар бигирем. Дар оилае, ки бо розигии волидайну ҷуфти навҷавон сурат мегирад, баракату нусрат арзонӣ аст. Хушдоман ҳам модар аст, як ба ҳамин ном руҷуъ кунед, хуш-доман… Яъне модаре, ки дар домани хушаш фарзандҳоро мепарварад, ба зиндагии мустақил гусел мекунад, ба умеде, ки ояндаи ўро давом диҳанд. Ба умеде, ки дар сояи давлати фарзандону оғўши наберагон давлати пирӣ ронанд. Муҳтоҷ набошанд…

Баъзан мебинам, ки барои як монеаи ночизи зиндагӣ оилаи ҷавоне вайрон мешавад, тифлакон зиндаятим мегарданд, дилам хун мешавад. Дар ҷомеае, ки мо зиндагӣ мекунем, мардум моддиётро аз маънавиёт баланд мегузоранд, келину домод қудои бой мекобанд, ки боиси афсўс аст. Мо насле ҳастем, ки баробари шавҳар кор карда, зиндагиямонро месохтем, чизу пулу молро бо меҳнати ҳалоли худ меёфтем. Оё қудои бой боигарияшро оварда, дар хонаи ту мемонад? Набояд ба хотири ин гуна масъалаҳои кўчак зиндагиҳо парешон шаванд. Ё келинҳои ҷавон ба хотири як эроди хушдоман қаҳру ароз мекунанд, ин ҷо модаре даркор аст, ки ба духтараш фаҳмонад, ки ҳамин гуна эродҳо моро ба омўхтан талқин мекунанд.

Баъд ба писарон ҳам ҳурмату эҳтироми занро ёд бояд дод, дар ҷое, ки ҳурмату эҳтирому якдигарфаҳмию меҳру муҳаббат аст, моҷаро сар намезанад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *