сарбоз

Аз ҷавонони хизматгурез то латукӯби наваскарон

Ин ҳафта дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ду ҳодисаи беназир рух дод: яке овехтани рӯйхати ҷавонони хизматгурез дар ноҳияи Мастчоҳ ва дигаре нашри навори латукӯби бераҳмонаи наваскарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ҷавонони хизматгурез

Ёдрас мешавем, ки ҳафтаи пеш дар шаҳраки Бӯстон, маркази ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон мақомот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бозори марказии ин ноҳия ва пушти дари масҷидҳо рӯйхати 160 ҷавони даъватшавандаро, ки ба гуфтаи масъулон, ба ҳар роҳу восита аз рафтан ба хидмат саркашӣ мекунанд, овезон кардаанд.

Дар рӯйхат аксар ному насаби он даъватшавандагоне оварда шудааст, ки синни таваллудашон аз соли 1998 то 2004 мебошад.

“Дар рӯйхат асосан даъватшавандагоне дарҷ гардидаанд, ки падаронашон омӯзгор ё дар гузашта шахси мансабдори давлатӣ буданд. Зимни даъвати шаҳрвандон аксари падару модарон бо ҳар баҳонае аз гирифтани даъватномаи фарзандонашон саркашӣ менамоянд”,- менависад, нашрияи “Машъал”.

Гуфта мешавад, чанде пеш дар як ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия прокурори ноҳияи Мастчоҳ аз рафти иҷрои даъват ба хидмати ҳарбӣ шадидан интиқод карда, гуфт, ки “фаъолияти комиссияи даъвати ноҳиявӣ чандон қонеъкунанда нест”.

Бояд гуфт, ин гуна тартиб додани феҳристи “ҷавонони хизматгурез” ва насб кардани он дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бесобиқа мебошад.

Наворе, ки боиси ҳабс шудани подполковник шуд

Аммо пас аз се рӯзи насби рӯйхати “ҷавонони хизматгурез” дар Масчоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш гардид, ки дар он сарбозони собиқадор наваскаронро, ки ҳама дар тан либоси низомӣ доштанд, шиканҷа ва нисбати онҳо бадрафторӣ мекунанд.

Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши зиёди ҷамеаи шаҳрвандиро ба миён овард. Чанде корбарони интернет аз мақомоти марбута хостанд, ки нисбати ин амал фавран чораҷуӣ карда шуда, ташкилкунандагони ин амали ҷиноятӣ пайдо, боздошт ва сахт муҷозот карда шаванд.

Шоми 24-уми апрел ниҳоят Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати ин ҳодиса вокуниш нишон дод.

Маълум шуд, ки ҳодисаи мазкур 15-уми декабри соли 2022 дар қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рух додааст. Он рӯз сержант Қосимзода Ҷ. А. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳамдаъватони худ — қаториҳо Азимов Ф. Б., Камолов А. Ш., Нозимов М. Б. ва Сайфуллоев Ҳ. Ҳ. қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон намуда, бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Мисиров М. С., қаториҳо Чориев Б. Т., Каримзода З. Р., Амиров Н. Ф. ва Мусоев А. Т.-ро мавриди латукӯб қарор додаанд.

24-уми апрели соли 2023 нисбати гунаҳгорони номбурда бо дастрасии моддаи 373, қисми 2, бандҳои «б, в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо ба ҳабс гирифта шуданд.

— 25-уми апрел бошад, нисбати сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ, подполковник Лазуриев Нузхат Хиззатович бо дастрасии моддаи 391, қисми 3, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда низ ба ҳабс гирифта шуд,- меафзояд манбаъ.

Дедовшина дар артиш

Ин навор дар замоне паҳн шуд, ки маъракаи даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Мақомот дар шарҳи он мегӯянд, ки вазъ дар артиш беҳтар шуда, теъдоди ихтиёриён афзоиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти марбута аз хизматгурезӣ ва сарпечии ҷавонон шикоят мекунанд. Ҷавонон бошанд, сабаби сарпечӣ ва хизматгурезиашонро дар мавҷуд будани дедовшина медонанд.  

Миръатулло АТОӢ, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *