Муқимҷон Абдуфаттоев: “Хандинкамон”-ро ба Душанбе мекӯчонам!
Муқимҷон Абдуфаттоев – ҳаҷвнигори шинохтаи кишвар ва роҳбари театр-студияи “Хандинкамон” ин шабу рӯзҳо дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Бо эшон суҳбате анҷом додем, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.
“Хандинкамон” дар пойтахт
— Аз фаъолияти имрӯзаи худ ва мақсади сафаратон ба Душанбе ба хонандагони “Оила” чанд ҳарф бигӯед.
— Айни замон ба ҳайси саркоргардони театр-студияи “Хандинкамон“ фаъолият дорам. Ба Душанбе бо чанд сабаб омадам, якеаш ин аст, ки мо бояд аз 10 то 18-уми ноябр як рӯзро интихоб карда, консерт баргузор намоем. Сабаби дигари сафарам ҳамкории ман бо лоиҳаи “Ҷомеаи мо бидуни бемории сил” мебошад. Банда, ки сафири лоиҳа ҳастам, ба шаҳру навоҳӣ зиёд сафар мекунам. Сабаби сеюм, татбиқи лоиҳаест, ки “Саводи расонаӣ байни наврасони деҳаҳои дурдаст” ном дорад ва банда онро роҳандозӣ кардаам.
— Дар яке аз мусоҳибаҳоятон гуфтед, ки театр-студияи “Хандинкамон”-ро ба Душанбе кӯчониданӣ ҳастед. Ин ниятатон то куҷо амалӣ шуд?
— Бале, мо ҳаракат дорем, ки дар Душанбе фаъолияти театрро ба роҳ монем. Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки имрӯз ба ҳаҷв чандон диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Дигар ҳаҷв ҷолиб нест, саҳнаҳо холианд, устодон нестанд. Барои ҳамин хостем ин фазои холигиро пур кунем ва дар шаҳри Душанбе театр студияи “Хандинкамон”-ро боз кунем. Вале то ҳол ин мақсади мо амалӣ нашудааст. Зеро барои он ки театрро дар пойтахт боз кунем, бино лозим аст.
Аз гиря то ханда
— Мегӯянд онҳое, ки зиёд механданд, ғами зиёд доранд. Онҳое, ки механдонанд чӣ?
— Устоди шодравон Убайдулло Раҷабовро вақте дар кӯча медидӣ, қошу қавоқашон гирифта буд, вале дар саҳна нафаре он касро чунин намедид. Мо ҳаҷвнигорон бештар ҳаракат мекунем, ки ғамгиниҳои қалбамонро нишон надиҳем. Ҳаракат мекунем табъи бинандаро шод гардонем. Баъзе мушкилоти зиндагӣ маро беҳад ғамгин месозанд, вале касби мо дар лабони тамошобин табассум коридан аст.
— Мухлисон аз вазъи зиндагии оилавиатон донистан мехоҳанд?
— Бисёр паҳлӯҳои зиндагии шахсиамро гуфтан намехоҳам. Ҳаминро мегӯям, ки ман падари чор фарзанд, ду писар ва ду духтар ҳастам. Ду фарзанди бузургам хонадор шуда, дутои дигараш ҳоло дар мактаб таҳсил мекунанд. Ҳамаи фарзандонам аз як зан ҳастанд.
— Дар оила чӣ гуна мард ҳастед?
— Дар оила марди муқаррарӣ ҳастам, ҷояш ояд, механдам, ҷояш ояд, мегирям. Зиндагӣ қонунҳои худро дорад, албатта масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳаст, мушкилиҳо вуҷуд доранд, ки албатта бо кӯшишҳо бартараф мешавад. Гумон мекунам, падари бад нестам.
— Ягон фарзандатон пайроҳаи падарро давом медиҳад?
— Не, фарзандонам мехостанд пешаи маро давом диҳанд, вале ман розӣ нашудам. Он роҳе, ки ман гузаштам, бисёр роҳи душвор аст, намехоҳам фарзандонам мисли ман азоб кашанд.
Вазъи ҳаҷв нигаронкунанда аст
— Мегӯянд ҳаҷв душвортарин жанр аст?
— Бале, ҳаҷвнигор шудан заҳмати зиёдро талаб мекунад. Бахусус имрӯз, ки мутаассифона фазои ҳаҷв холӣ аст. Барои мисол шабакаи Ютубро тамошо кунед, ҳаҷви оригиналиро пайдо карда наметавонед. Ҳаракат карда истодаем, ки сифати ҳаҷв беҳтар гардад.
— Аз фаъолияти ҳаҷвнигорони ҷавон қонеъ ҳастед?
— Не, ҷавонон имрӯз бисёртар рӯбардор мекунанд. Саҳнаҳои ҳаҷвиро аз Русия, аз Ӯзбекистон мегиранд, ки бо ин роҳ мо дур намеравем. Мо бояд худамон эҷод кунем. Кадом ҳофиз ё ҳаҷвнигорро набинед, рӯбардор кардааст. Чизи тайёрро гирифта, ба тоҷикӣ тарҷума карда, намоиш додан ин ҳунар нест, ҳунарманд бояд чизи наверо эҷод кунанд. Ҳаҷв танҳо хандонидан нест, ҳаҷв бояд маъниҳое дошта бошад, ки аз тамошояш ҳар нафар ягон чиз бардоште бикунад ва хатогии худро пайдо намояд. Мо кӯшиш мекунем, бештар он чизҳоеро бигӯем, ки гуфта намешаванд, аз ин рӯ, пардапӯшона, дар шакли ҳаҷв мегӯем. Барои мисол, ман тавассути ҳавопаймо ба Душанбе омадам, се бор парвоз ба таъхир гузошта шуд. Ҳамин мушкилиро ман бояд ба риштаи ҳаҷв дароварда, фаҳмонам, ки ин кор нодуруст аст, охир 170 нафарро бояд интизор накунанд.
Ҳаҷв ба кӣ даркор?
— Ба фикри шумо ҳаҷвнигор бояд чӣ гуна бошад?
— Ҳаҷвнигор бояд каме босавод бошад. Ман намегӯям, ки ман донишмандам, лекин хубро аз бад фарқ мекунам. Ҳаҷвнигор таҳлилгар аст, бояд он чизе ба намоиш гузорад, ки худ дарк карда тавонад. Он гоҳ ҳаҷв пеш меравад. Аслан гирем, ҳаҷви тоҷик имрӯз ба кӣ зарур аст? Кӣ имрӯз ба ҳаҷв аҳамият медиҳад? Ҳаҷв ба кӣ даркор аст? Ба телевизион меравед, ҳаҷв нест, ба радио равед, ҳаҷв нест, дар консертҳои ҳукуматӣ ҳаҷв нест, дар чорабиниҳои шаҳрӣ ҳам нест. Канӣ ҳаҷв? Мо агар чунин рафтор кардан гирем, вазъият бадтар мешавад. Ҳаҷвнигор бояд ба саҳна барояд, бо мардум бошад, вазъияти имрӯзро таҳлил карда тавонад. Бисёр хуб мешуд, дар пойтахти кишвар як театре бошад, ки ҳаҷвнигоронро аз манотиқи гуногуни кишвар муттаҳид созад. Боз масъалаи дигаре ҳаст, имрӯз канӣ ҳаҷвнавис? Ду одамро дар кишвар мешиносам, ки ҳаҷвнавис ҳастанд тамом. Пеш маҷаллаи “Хорпуштак” ҳаҷвҳои ҷолиб дошт. Ҳоло чӣ?
— Оё ҳаҷвро омӯзонида мешавад?
— Баъзеҳо ба ман мегӯянд, ки дар Донишкадаи санъат факултети ҳаҷвнигорӣ кушоем ё не? Вале ин кор фоида надорад. Санъаткор агар истеъдоди фитрӣ надошта бошад, бо хонондан тарбия карда намешавад. Дигар ин ки худи ҷавонон майли машғул шудан ба ҳаҷвро надоранд.
— Сабаб дар чист?
— Сабаби асосӣ — мотиватсия нест! Барои чӣ имрӯз ҷавонписарҳо аз деҳаҳои дурдаст бошад ҳам, ба муштзанӣ ё гуштигирӣ машғул мешаванду ба санъат не. Барои он ки муштзан вақте ки дар муҳориба ғолиб мешавад, ба вай хонаву мошин медиҳанд. Ба санъаткорон чӣ? Ҳаҷвнигорон зиндагии одӣ доранд. Мисол маро ҳама мешиносанд, машҳурам, вале мошин надорам ё сармояи зиёд надорам. Як одами одиам.
— Аз нақшаҳои ояндаатон мегуфтед…
— Нақшаҳо хело зиёд аст. Якеаш ин аст, ки мехоҳам чойхонаи “аския-базм” боз кунам. Аския ин як жанри фаромӯшшудаи ҳаҷви тоҷикӣ аст, вале имрӯз касе онро намедонад, он фаромӯш шудааст. Ин жанр дар Ӯзбекистон бисёр рушд ёфтааст. Дигар нақшаҳои зиёди эҷодӣ ҳастанд, ки бо пайдо шудани имконият онҳоро оҳиста-оҳиста амалӣ мекунем.
Мусоҳиб: Сумани УБАЙДУЛЛО
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ