намоз

Маърифати исломӣ: Бисмиллоҳ гуфтан ҳатмист?

Бисёр вақт ҳангоми хӯрдани таом гуфтани “Бисмиллоҳ”-ро фаромӯш мекунем. Дар ин ҳолат луқмае, ки мехӯрем, ҳалол аст ё ҳаром?

БАҲРОМ, ноҳияи Рӯдакӣ

Посух:

— Гуфтани “Бисмиллоҳ” дар вақти хӯрдани таъом суннат аст, агар саҳван фаромӯш шавад, боке надорад ва бо сабаби фаромӯш шудани “Бисмиллоҳ” ҳаргиз луқма ҳаром намешавад.

Касе дар оғози хӯрдани таъом гуфтани “Бисмиллоҳ”-ро фаромӯш кунад ва аснои хӯрдан ба ёдаш расад, агар “Бисмиллоҳи аввалаҳу ва охираҳу” гӯяд, суннат ба ҷо меояд.

Модари муъминон Оиша (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар гоҳ яке аз шумо ба хӯрдани хӯрок оғоз кунад, «Бисмиллоҳ» бигӯяд ва агар фаромӯш кард, пас «Бисмиллоҳи аввалаҳу ва охираҳу» бигӯяд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *