Муҳаммад Наимов дар ҳаҷ истироҳат мекунад

Мусобиқаи бонуфузтарини UFC 294 гузашт. Дар он ду тоҷик, Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров ба майдон баромаданд. Муҳаммад Наимов бо баҳои якдилонаи доварон ғолиб дониста шуд, вале мутаассифона, Муин Ғафуров дар давраи аввал рақобатро бохт.

Муҳаммад Наимов пас аз ғалаба доир рақобат, саломатӣ ва нақши тоҷикон дар дунё гуфт.

— Аз рақобатам розӣ ҳастам. Вазъи саломатиам хуб набуд, вагарна дар майдон шумо дигар намуд ҷангро медидед. Дар мавриди тоҷик бошад, гуфтаниям, ки бархеҳо фикр мекунанд тоҷикон танҳо муҳориҷанд ва аз дасташон коре намеояд, вале хато мекунанд. Мо миллати таърихием. Ман исбот мекунам, ки тоҷикон бисёр боқувватанд.

Ҳамчунин, дар мавриди истироҳат кардан пас аз муҳориба Муҳаммад Наимов гуфт, ки умри худро ба варзиш бахшидааст ва кам истироҳат мекунад. Ҳамчунин, ишора кард, ки ба ҳаҷ меравад ва онҷо истироҳат карда, ибодат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *