Муҳоҷирони ғайриқонунӣ бояд Русияро тарк кунанд

Президенти Русия Владимир Путин фармоне имзо кард, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷи, ки ғайриқонунӣ дар кишвар қарор доранд то 30-юми апрели соли 2025 бояд Русияро тарк кунанд, ё вазъи ҳуқуқии худро дар кишвар танзим намоянд.

Истисно барои шахсоне пешбинӣ шудааст, ки бо Вазорати дифои Русия шартномаи ҳарбӣ мебанданд.

Ба муҳоҷирон пешниҳод мегардад, ки то ин муҳлат маълумоти биометрӣ пешниҳод кунанд, аз санҷишҳои тиббӣ гузаранд ва дониши забону қонунҳои Русияро тасдиқ кунанд. Барои онҳое, ки қарз доранд ё қонунвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, фармон татбиқ мешавад.

То моҳи октябри соли 2024 зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба рӯйхати таҳти назорат шомил шудаанд, ки муҳлати ҳуҷҷатҳояшон гузаштааст ё онҳо ҳуқуқвайронкуниҳо содир кардаанд.

Ин фармон дар асоси Қонуни федералии №115 «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» татбиқ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *