Муҳоҷирони ӯзбек дастаҷамъона ба Русия мераванд

Муҳоҷирони меҳнатии ӯзбекистоние, ки барои кор ба сохтмонҳои Русия фиристода мешаванд, дар як моҳ аз 40 ҳазор рубл боло маош хоҳанд гирифт.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Агентии муҳоҷирати хориҷии назди Вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон хабар додааст.

Хоҳишмандоне, ки мехоҳанд барои кор ба Русия бираванд, аз рӯи 60 ихтисос дар бахши сохтмон кор пешниҳод карда мешавад. «Маош вобаста ба ҳаҷми кор аз 40 ҳазор рубл оғоз мешавад», — таъкид кардааст манбаъ. Муҳоҷирони Ӯзбекистон, ки хоҳиши дар сохтмонҳои Русия кор карданро доранд, дар даҳ вилояти Русия: Маскав, Санкт-Петербург, Амур, Новосибирск, Калуга, Тула, Мурманск, Калининград ва вилоятҳои Маскав, инчунин Краснодар кор пешниҳод карда мешавад. Сарвазири Русия Михаил Мишустин фармон дар бораи оғози барномаи озмоишии ҷалби 10 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Ӯзбекистон ба сохтмонҳои Русияро имзо кард. Ин барнома дар Ӯзбекистон дар нимаи моҳи октябр оғоз шуд. Тибқи ҳисобҳои ҷониби Ӯзбекистон, барномаи мазкур то нимаи моҳи январи соли 2022 амалӣ карда мешавад.

Қаблан ширкатҳои сохтмонии Русия дар бораи норасии кувваи корӣ хабар дода буданд. Дар ҳамин ҳол, пештар хабар дода шуда буд, ки дар соли 2021 дар муқоиса бо соли 2019 16 маротиба бештар муҳоҷирони корӣ бо тарзи муташаккилона аз Ӯзбекистон ба Русия расман ҷалб шудааст. Шумори умумии онхо 63 хазор нафарро ташкил дод. Қаблан Вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон ба ҳамкорони русӣ худ пешниҳод карда буд, ки ҷалби муҳоҷиронро соддатар кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *