Ба ҷои духтурони саркаш пизишкони нав меоянд

Ба ҷои 26 духтури пизишки ёрии таъҷилӣ, ки аз шаҳри Облучёи Вилояти Мухтори Яҳудиёни Русия , ки бо сабаби майл надоштанашон ба ваксинзанӣ бар зидди коронавирус аз кор рафта буданд, мутахассисони нав фиристода мешаванд, хабар додааст дафтари матбуоти ҳукумати ин вилоят . Ба гуфтаи Сергей Багненко, сармутахассиси ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии Русия, тақсимоти коргарони мавҷуда ва ҳамчунин ҷалби мутахассисони иловагӣ имкон медиҳад, ки аз кормандон ёрии таъҷилии ин минтақа пурра карда шаванд. Багненко тавзеҳ дод, ки аллакай ба Вилояти Мухтори Яҳудиён намоянда фиристода шудааст, то «барои ҳалли мушкилот ва муколама бо ширкаткунандагони вазъ» мусоидат кунад. Рӯзи 4 ноябр дар Облучье як гурӯҳи кормандони стансияи ёрии таъҷилӣ иборат аз 15 нафар аз эмгузаронии зидди коронавирус даст кашида, аз кор рафтанд. Мувофики фармони сардухтури санитарии Вилояти автономии Яхудиён Павел Копылов то 15 ноябрь бояд 80 фоизи тамоми коркунони ёрии таъчилй эм карда мешуданд. Баъдан маълум шуд, ки боз 12 корманди ёрии таъҷилӣ аз эмкунӣ саркашӣ карда, аризаи истеъфо навиштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *