Муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Таҳқир, интизорӣ ва роҳҳои ҳалли он
Бо даъвати РИА “Новости” барои иштирок дар Медиафоруми кишварҳои аъзои ИДМ ба Москва сафар доштам. Шоми 7-уми ноябри соли равон тавассути ширкати ҳавопаймои «Сомон Эйр» аз фурудгоҳи Душанбе ба Москва парвоз кардам. Эй кош намерафтаму чунин манзараи ҳузнангез, риққатоварро дар фурудгоҳи Домодедово намедидам. Аммо, ҳолати воқеиро бозгӯ мекунам, то мақомоти дахлдори Тоҷикистону Русия пеши ин нобасомонӣ, хараҷу мараҷ ва фишору таҳқирро бар сари муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳи Русия бигиранд. Охир, ҳар чӣ андоза дорад. Шараф, қадру манзалати инсон аз ҳама чӣ болотар аст.
5 соати сарсониву нописандӣ дар фурудгоҳ
Фурудгоҳи Душанбе. Яке пайи ҳам бо навбат аз нуқтаҳои бақайдгирии шиноснома гузаштанду пас аз чанд лаҳза вориди ҳавопаймои “Сомон Эйр” шуданд. Дар чеҳраи яке табассумро мебинаму дигареро мушаввашу парешонхотир. Албатта, дурӣ аз Ватан, наздикону пайвандон сахт аст. Аммо, ҳама бо мақсаде азми сафар ба Русия доранд: кор, табобат, аёдати пайвандону наздикон…
Инак, пас аз чанд соат, аниқтараш соати 12-и шаб бо вақти Москва ҳавопаймои мо дар фурудгоҳи Домодедово ба замин фуруд омад. Гурӯҳ-гурӯҳ шаҳрвандони кишвар бо як ҳисси тарсу ваҳм ва яъсу ноумедӣ вориди толори мисли рӯдаи гов дарози фурудгоҳ, наздик ба ғурфаҳои бақайдгирии шиносномаҳо мешуданд. Дар миёни онҳо ман ҳам қарор доштам. Назди ғурфаҳои бақайдгирии шиноснома қариб холӣ буд. Вале дар як дам мисли сарбозони дар саф қатор истода ҳама ҷамъ омаданд. Аз дохили ғурфаҳои шишагин шахсони масъул шиносномаҳоро як-як қабул намуданд. Ҳамагӣ чанд нафар шаҳрвандони кишвар аз қайди расмӣ гузаштанду аз фурудгоҳ берун баромаданд. Полиси фурудгоҳ шиносномаҳои дигаронро бо навбат ҷамъ карда, тозон-тозон оварда, ба кабинаҳо тақсим мекард. Дар ҳайрат будам, ки чаро чунин аст. Охир, чанд сол пеш ҳам ба Москва омада будаму чунин манзараро надида будам. Ҳамагӣ пас аз 10-15 дақиқаи раванди бақайдгирӣ аз толори фурудгоҳ берун шуда будем.
Ниҳоят, дар назди ғурфаи тафтиши шиносномаҳо навбат ба ман расид. Якҷо бо шиноснома мактуби даъватии ҷониби РИА “Новости”-ро ба масъули бақайдгиранда, бонуи қавитане, ки дар дохили ғурфа бо нозу ишва менишаст, пешниҳод намудам. Ӯ ба сӯям нигариста, пурсид:
— Барои чӣ ба Москва омадӣ?
— Бо даъвати РИА “Новости”. Пагоҳ, 8-уми ноябр бояд дар Медиафоруми кишварҳои аъзои ИДМ ширкат варзам,- посух додам.
Ӯ мактуби расмиро писанд накарду бароям баргардонд. Шиносномаамро ба ҷавоне, ки шиносномаҳои дигаронро бо навбат чида истода буд, супорид. Дар дастони ин корманди полис қабза-қабза шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон буд. Ҳама ҳайрон менигаристанд. Дар дил гузаронидам, ки шояд дар кабинаи дигар шахсият ва ҳуҷҷатҳоро аз назар мегузаронанду шиносномаҳоро бозпас медиҳанд. Вале чунин нашуд.
Пас аз чанд лаҳза паси дари полис пур аз шаҳрванд шуд. Як сӯ занон бо кӯдакони хурдсол ва ҷониби дигари фурудгоҳ мардон ҳайрон ва бо чашми чор ба дари кабинаҳои полис интизори гирифтани шиноснома буданд. Ин дам ба модари калонсоле дилам сӯхт, ки ӯ аз шаҳри Хуҷанд маҳз барои табобат ба Русия омадааст. Ӯ ба кормандони полис гуфт, ки аз бемории дил азият мекашад ва дар беруни фурудгоҳ фарзандонаш интизоранд. Вале ба арзи ӯ касе эътибор намедод. Ин зани кӯҳансол хоҳиш намуд, ки аз наздаш дур нашавам ва то охир ҳамроҳӣ намоям. Вале пас аз чанд лаҳза садои корманди полис омад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, яъне мардҳо аз паси ӯ ба гӯшаи дигари фурудгоҳ биёянд.
Ба хотири огоҳ шудан аз рафтори кормандони полис ман ҳам паси ӯ рафтам. Ин замоне буд, ки алакай 1 соат вақт дар фурудгоҳ сипарӣ шуда буд. Дар як гӯшаи хилвати фурудгоҳ қариб 100 нафар муҳоҷирони тоҷик хастаҳол қисме дар рӯйи курсиҳо нишаставу қисме рост истода буданд. Аз набудани ҷой дар рӯйи замин хобида ҳам буданд. Ростӣ, дилам ба онҳое сӯхт, ки калонсоланд ва бинобар 4 соати парвозу дурии роҳ ва интизориҳои тӯлонӣ хаста шуда буданд. Ҳатто ҷой барои нӯшидани як қаҳва набуд, то хастагӣ рафъ шавад. Инҷо аз муносибати кормандони полис косаи сабри ҳама лабрез шуда буд.
Аз корманди полис чанд маротиба сабаби тӯлонӣ нигоҳ доштани муҳоҷиронро пурсидам, вале эътибор намедод. Гӯё ба гӯши кар азон мегуфтем.
Телефонро хостам ба вайфайи фурудгоҳ пайваст кунам. Аммо, нашуд, зеро рақами телефони Русия лозим будааст. Аз телефони ҳамватане, ки дар паҳлуям менишаст, ба масъули даъвату пешвоз Кристина Кабанова занг задам. Ҳолатро ба ӯ гуфтам. Кристина гуфт, ки ҷойи ташвиш нест, ҳоло шиносномаҳоро тафтиш мекунанд ва зуд ҷавоб медиҳанд. Барояш гуфтам, ки қариб 2 соат интизорем, аммо ҷавоб намедиҳанд. Инро шуниду дар ҳайрат монд. Зеро шояд ӯ дар аввал гумон карда буд, ки чанд дақиқа аст, ки дар фурудгоҳ мунтазирем.
Боз чанд лаҳза гузашту Кристина занг зад:
— Усмон, нороҳат нашав. Дирӯз аз Озарбойҷон ҳам ҳамкасбон омаданд, қариб 2 соат дар фурудгоҳ монданд. Чунки талаботи низоми тафтиши шиноснома чунин аст. Ҳоло туро ҳам ҷавоб медиҳанд,- гуфт ӯ.
Хуб гуфтаму боз дар курсӣ нишаста, дар қатори дигарон интизорӣ мекашидаму бо муҳҷирони тоҷик ҳамсуҳбат мешудам. Соат аз 3 ҳам гузашт, дараке аз ҷавоби мо набуд.
Кристина боз занг зад. Маълум буд, ки ӯ ҳам баробари ман хоб надошту аз чунин муносибати кормандони полис мушавваш.
— Усмон, ҳоло ҳам дар фурудгоҳ ҳастӣ? Набошад, ба вайфай пайваст шав. Бароят аз телефони худам коди вайфайро медиҳам, то зиқ нашавӣ ва дар иртибот бошем,- гуфт телефонӣ.
Ниҳоят, бо рақами телефони Кристина ба вайфайи фурудгоҳ пайваст шудам. Соат ба 4-и саҳар наздик мешуд. Кристина боз занг зад:
— Усмон, шароити нӯшидани чой, қаҳва ё ягон чӣ хӯрданӣ ҳаст?
Дар ҷавоб гуфтам, ки дар ин маврид нороҳат набошад, беҳтараш бо кормандони фурудгоҳ тамос гирад ва зудтар ҷавоб диҳанд, вагарна ба форум дер хоҳем кард. Баъди чанд лаҳза дар тамос шуд ва гуфт, ки занг задааст, ҳоло ҳам тафтиши шаҳрвандон идома дорад.
Мушоҳида кардам, ки тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳ гӯё аз сӯзани кормандони полис мегузаштанд. Бо навбат ба кабина даъват мешуданд, бозпурсӣ ва телефонҳояшонро тафтиш мекарданд. Назди дари утоқи полиси дигаре бори дигар худро муаррифӣ кардаму талаби шиноснома ва зудтар ҷавоб доданро намудам. Ӯ болои мизашро ҷустуҷӯ кард, шиносномаам пайдо нашуд. Лаҳзае пас аз дохили утоқ корманди дигари полис номамро гирифт. Маълум буд, ки занги телефон аз РИА “Новости” барояш таъсир кардааст. Ӯ гуфт:
— Журналист? Чаро пештар нагуфтӣ?
— Чанд бор муроҷиат кардам, аммо кормандони шумо эътибор надоданд,- гуфтам ба ӯ.
Маълум буд, ки ӯ аз чунин ранг гирифтани ҳолат нороҳат аст. Шиносномаро баъди азназаргузаронӣ доду маро ҷониби ғурфаи тафтиш фиристод. Ман аз фурудгоҳ тақрибан баъди қариб 5 соати интизориву фишор болои муҳоҷирон берун баромадам. Аммо ҳамоно муҳоҷирони бечораи мо бозпурсӣ мешуданду дар долони фурудгоҳ интизорӣ мекашиданд. Ҳол он ки, то ин замон чанд ҳавопаймо фуруд омаду садҳо мусофир баъди назорат берун баромаданд.
Вақте ки ба нуқтаи назоратӣ баромадам, бағоҷҳо дар рӯйи замин перешон партофта шудаанд. Бо азобе сумкаамро пайдо кардам ва ҳамагӣ пас аз 1 соат тавассути таксии фармоишдодаи РИА “Новости” ба меҳмонхона расидам. Тақрибан 2 соат сарамро ба болин гузоштаму аз хоб сер нашуда, ба макони форум шитофтам (маводро атрофи форум дар шумораи ояндаи рӯзнома мутолиа намоед,- У. Р).
Бозгашт
Рӯзи дигар тавассути фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе омадам. Муҳоҷирон хурсанд, мисле, ки аз ягон асорат халос шуда бошанд. Муносибати кормандони назоратии фурудгоҳ низ нарм аст. Фақат гулдастае намерасид, ки ба мусофирон диҳанд. Аммо он рӯз дар хатсайри парвозкардаи мо тақрибан 30 нафарро аз фурудгоҳи Москва бозпас гардонидаанд. Аз суҳбат маълум шуд, ки онҳо ду рӯз дар фурудгоҳ шароити душворро паси сар кардаанд. Эҳтимол онҳо депорт шудаанд.
Як мушоҳида ва ҳолати воқеӣ дар фурудгоҳи Русия буд, ки бо чашми худ дидам. Мушкилоти дигар, фишор болои муҳоҷирони тоҷик зиёданд. Магар ҳамин аст муносибати шарики стратегӣ — Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон? То кай вазъ чунин идома меёбад ва ҳар лаҳзаи таъқибу таҳқирро нисбат ба муҳоҷирони тоҷик мебинем?
Усмон РАҲИМЗОДА,
Душанбе-Москва-Душанбе
Аз идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва Pressa.tj:
Тафтиши шадид ва муносибати таҳқиромези кормандони фурудгоҳҳои Русия нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафар барои кор, табобат ё аёдати наздикон мераванд, мушкилоти ҷиддист. Дар фурудгоҳи Домодедово муҳоҷирон соатҳо бо таҳқиру интизорӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки ин муносибат боиси нооромиҳои равонӣ, талаф додани вақт ва халалдор шудани қадру манзалати онҳо мегардад. Аз ҳисоби чунин ҳолатҳо, ҳангоми бозгашт муҳоҷирон худро гӯё аз асорат озодшуда эҳсос мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ва Русия ҳамчун шарикони стратегӣ муносибатҳои қавии сиёсӣ доранд, аммо дар сатҳи иҷтимоӣ, муҳоҷирони тоҷик то ҳол аз эҳтироми оддӣ бархӯрдор нестанд.
Пешниҳодҳо
- Такмили механизми вуруд ва хуруҷ дар фурудгоҳҳо. Зарур аст, ки мақомоти дахлдори Русия раванди қабули муҳоҷиронро такмил диҳанд, то ки ба муҳлати тӯлонӣ нигоҳ доштани шаҳрвандон кам шавад. Ҷорӣ намудани назорати касбӣ ва беғаразона метавонад вазъро беҳтар созад.
- Таъмини шароити беҳтари интизорӣ. Дар фурудгоҳҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои ба худашон норавшан нигоҳ дошта мешаванд, шароити муносиби интизорӣ, аз ҷумла ҷойҳои нишаст, дастрасӣ ба обу ғизо ва имконияти пайвастшавӣ ба интернет бояд таъмин карда шавад.
- Гузаронидани омӯзишҳо барои кормандони фурудгоҳ. Кормандони полис ва хизматрасонии фурудгоҳ бояд омӯзонида шаванд, ки муносибати дуруст ва эҳтиромона бо мусофирон, новобаста аз миллат ё мақоми онҳо чӣ гуна бошад.
- Ҷорӣ кардани намояндагони расмии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои калидии Русия. Зарур аст, ки намояндагони консулгарӣ ё сафоратхонаи Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои асосии Русия, бахусус дар мавсими муҳоҷират ҳузур дошта бошанд, то дар ҳолатҳои зарурӣ ба шаҳрвандони худ кумак расонанд.
- Ҳамкорӣ дар сатҳи давлатҳо. Бояд Тоҷикистону Русия дар сатҳи давлатӣ барои беҳтар намудани шароити муҳоҷирони тоҷик ҳамкорӣ кунанд. Тартиби равуои шаҳрвандонро бояд ба сатҳи шарикӣ ва эҳтиром мутобиқ созанд, то ки муносибати ду кишвар ба якдигар, дар воқеъ, дар сатҳи стратегӣ ва боэҳтиром бошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ