Ба мусофирон хӯроки гарм диҳед! Талаби Агентӣ аз ширкатҳои русӣ
Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ хостааст, ки аз 1-уми ноябри имсол дар парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс, ба мусофирон ғизои гарм диҳанд. Ёдовар мешавем, ин бори дуюм аст, ки Агентӣ чунин дархостро аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ мекунад.
Агентии ҳавонавардӣ 8-уми ноябр дар сомонааш навишт, ширкатҳои “Уральские авиалинии”, “Сибирь”, “Северный Ветер”, ЮТэйр” ва “Ямал” изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар вақти парвоз аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс, ба мусофирон хӯроки гарм медиҳанд.
“Аз оғози мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 (аз 1-уми ноябри соли 2024) ширкатҳои ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ мусофирони нақлиёти ҳавоиро, ки давомнокии парвозашон зиёда аз 3,5 соат мебошад, бо хӯроки гарм таъмин намуда истодаанд”,-навиштааст Агентӣ.
Хабарнигори “Тоҷикистон” бо чанд нафар мусофироне, ки баъди 1-уми ноябр ба Русия ва баръакс сафар кардаанд, дар ин маврид суол пешниҳод кард. Маълум шуд, ки ширкатҳои русӣ талаби мақомоти Тоҷикистонро иҷро кардаанд. Фақат як мусофири “Уральские авиалинии” гуфт, ки парвози рӯзи 4-уми ноябри онҳо бидуни хӯрок будааст. “Фақат чою конфет доданд, тамом”,- гуфт ӯ.
Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон моҳи июни имсол ҳам аз ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ хоста буд, то ба мусофирон ғизо диҳанд. Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии ҳавонавардӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, ки агар дастурашон иҷро нашавад, нисбати ширкатҳо чора меандешанд.
Аммо баъди нашри ин хабар даҳҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ширкатҳои русӣ мисли гузашта ба мусофирон ягон ғизо намедиҳанд. Муҳоҷирон борҳо шикоят кардаанд, ки бо нархи гарон билети парвоз миёни Тоҷикистон ва Русияро мехаранд, аммо дар ҳавопаймо ба ҷуз об дигар ғизо пулакӣ аст.
Ширкатҳои русии “Уральские авиалинии”, “ЮТэйр”, “Северный Ветер”, “Сибирь S7”, “Ямал” аз чор фурудгоҳи Тоҷикистон ба Русия парвозҳо анҷом медиҳанд.
Пас аз нашри ин хабар хабарнигори “Тоҷикистон” ба ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” телефон кард. Аз ин ширкат гуфтанд, ки ҳангоми беш аз 3,5 соат давом ёфтани парвоз ҳатман ба мусофирон хӯроки гарм медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ