Муҷассамаҳои Рӯдакӣ ва Ганҷавӣ дар Боку ва Душанбе гузошта мешаванд (аудио)

Дар шаҳри Душанбе муҷассамаи Низомии Ганҷавӣ ва дар шаҳри Боку  муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бунёд мекунанд. Ин масъала дар мулоқоти раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон  Сахиба Гафарова матраҳ шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз, 12 сентябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Сахиба Гафарова, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот кард.

Дар мулоқоти хосса ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди арзёбӣ қарор дода шуданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба густариши минбаъдаи ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Озарбойҷон табодули андеша карданд.

Сипас, музокироти васеи ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардид.

Дар оғоз Рустами Эмомалӣ меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки мулоқоти имрӯза идомаи мантиқии муколамаи зимни сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Озарбойҷон моҳи марти соли ҷорӣ анҷомдодашуда, маҳсуб меёбад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар самти қонунгузорӣ ва нақши муассиру назарраси парламентҳо ба раванди тавсеаи муносибатҳои байни ду давлат мусоидат менамоянд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Озарбойҷон дар чаҳорчӯби қолабҳои бисёрҷониба, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва сохторҳои байнипарламентии созмонҳои мазкур низ ҳамкории самарабахш доранд.

Дар идомаи мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ҳарбию техникӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо дар доираи рушди ҳамкорӣ байни пойтахтҳо масъалаи бунёди муҷассамаҳои Низомии Ганҷавӣ дар шаҳри Душанбе ва Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар шаҳри Боку баррасӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *