Байкери рус Павел Чернов дар Харангони Тоҷикистон ба ҳалокат расид (аудио)

Рӯзи 10-уми сентябри соли 2022 Павел Чернов — як шаҳрванди 38-солаи Русия ҳангоми парвоз дар параплан дар дараи Харангони Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

Аз фоҷеа ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корманди дивизияи 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон Максим Шукшин хабар додааст.

Бино ба иттилои КҲФ, дастаи 7-нафари наҷотдиҳандагон соати 11:25 дақиқа ба ҷойи ҳодиса сафар шуда, соати 12:45 дақиқа ҷасади Черновро пайдо карда ва ба мақомоти дахлдор супурдаанд.

Маълум шудааст, ки ҳангоми парвоз Чернов мувозинатро аз даст додаву дигар натавонистааст парапланро идора кунад. Вақте ба замин бархӯрдааст, ҷароҳатҳои вазнин бардоштаву дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандону наздикон ва дӯстони Павел Чернов изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки Павел Чернов зодаи шаҳри Санк-Петербугри Федератсияи Русия буда, миёни байкерҳои ин шаҳр бо номи Паша Мотозов шуҳрат доштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *