Иштироки вазири маориф дар дарси омӯзгорони Коллеҷи технологии Душанбе

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода  аз вазъи фаъолияти таълиму тарбия ва корҳои бунёдкорӣ дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе шинос шуд.

Ӯро дар ин таълимгоҳ муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода ва сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Довуд Ализода  ҳамроҳӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки вазир бевосита дар  лаҳзаи тадриси омӯзгорон иштирок карда, бо донишҷӯён оид ба мавзуъҳои дарсӣ суҳбат гузаронд.  

Ҳамчунин, Раҳим Саидзода дар толори маҷлисгоҳи муассиса бо омӯзгорону донишҷӯён вохӯрӣ гузаронида, ҳозиринро ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ  муборакбод намудааст. Вазир оид ба баланд бардоштани сифати таълим ибрози назар намудааст.

Дар охир вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим ба муассисаи таълимии мазкур 1-адад тахтаи электронӣ, 1-адад телевизор ва 1-адад ноутбук тақдим намуд. Ҳамзамон, аз тарафи роҳбарияти  коллеҷи мазкур Абдулло Асрорзода ба 10-нафар донишҷӯёни ятим туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *