Муҷибурраҳмон Ансорӣ — руҳонии ҷанҷолӣ дар масҷид кушта шуд

Муҷибурраҳмон Ансорӣ, имомхатиби масҷиди ҷомеи Гузаргоҳи шаҳри Ҳироти Афғонистон 2-юми сентябр дар таркише дар масҷид кушта шуд.

Маҳмудшоҳ Расулӣ, фармондеҳи амнияти ҳукумати “Толибон” (гуруҳи фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон) дар Ҳирот дар суҳбат ба бахши афғонистонии “Озодӣ” ҳодисаро тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи Расулӣ, дар ин ҳодиса панҷ кас ҷон бохтаанд.

Дар таркиш бародари Муҷибурраҳмон Ансорӣ низ кушта ва писараш захмӣ гаштааст.

Муҷибурраҳмон руҳонӣ ва аз чеҳраҳои ҷанҷолӣ буд, ки мавқеъгириҳояш пайваста мавриди баҳс қарор мегирифтанд. Вай ахиран аз ҳукумати “Толибон” ҷонибдорӣ карда, мардумро ҳам ба тарафдорӣ аз он даъват намудааст.

Ба гуфтаи Маҳмудшоҳ Расулӣ, сухангӯи фармондеҳи амнияти “Толибон” дар Ҳирот, “Муҷибурраҳмон Ансорӣ рӯзи ҷумъа дар ҷаласаи иқтисодиии шаҳри Ҳирот ширкат карда, ба қасди намоз толорро тарк карда буд”.

“Ансорӣ баъд аз ним соати баромадан аз ҷаласа дар инфиҷоре кушта шудааст. Ҷузъиёти бештаре ҳанӯз дар даст нест”,- гуфтааст Расулӣ.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шумораи кушташудагонро дар инфиҷор ҳудуди 13 нафар гуфтаанд, вале мақомоти Толибон оморро то ҳанӯз тасдиқ накардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *