Муҷозоти мард барои озори модараш

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе сокини 51-солаи пойтахт М.П-ро барои озори модараш ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, боздоштшуда 31-уми январи соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Қосимов ҳозир гашта, бо модару ҳамсари бародараш муноқиша кардааст.

Гуфта мешавад, ӯ нисбат ба модару ҳамсари бародараш суханони қабеҳ зада, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон ва дар назди атрофиён шаъну шарафи номбурдагонро паст задааст.

Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати М.П, тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ), Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъйин шудааст.

Бояд ёдовар мешавем, ки ин нахустин ҳолат нест, ки фарзандро барои модарозорӣ муҷозот мекунанд.

Ба ин монанд қаблан низ дар пайи муроҷиати як модари 76-сола писари 43-солаи ӯ, истиқоматкунандаи ноҳияи Синои пойтахт муҷозода шуда буд.

Муайян гардидааст, ки писар дар ҳолати мастӣ дар назди бинои истиқоматиашон бо овози баланд нисбати модари пиронсолаш дашному суханҳои қабеҳ гуфта, оромии ҳамсояҳоро низ халалдор намудааст.

Додгоҳ дар пайи баррасии ин қазия низ муттаҳамро ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҳукм намуда буд.

Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолат нест, ки фарзандро барои модарозорӣ муҷозот мекунанд.

Ба ин монанд қаблан низ дар пайи муроҷиати як модари 76-сола писари 43-солаи ӯ, истиқоматкунандаи ноҳияи Синои пойтахт муҷозода шуда буд.

Муайян гардидааст, ки писар дар ҳолати мастӣ дар назди бинои истиқоматиашон бо овози баланд нисбати модари пиронсолаш дашному суханҳои қабеҳ гуфта, оромии ҳамсояҳоро низ халалдор намудааст.

Додгоҳ дар пайи баррасии ин қазия низ муттаҳамро ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҳукм намуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *