Нишастҳои матбуотӣ. Кӣ чӣ гуфт?

Прокурори генералӣ: Амриддин Аловатшоев дар Душанбе аст!

Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ истирдоди Амриддин Аловатшоев, яке аз роҳбарони ҷавонони бадахшониро ба Душанбе тасдиқ карданд.

Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон таъйид намуд, ки Амриддин Аловатшоев дар боздошт дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Аловатшоев, ки яке аз роҳбарони ҷавонони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар Русия муаррифӣ мешавад, даҳаи дуюми моҳи январ дар Русия боздошт гардид.

Юсуф Раҳмон истирдоди Аловатшоевро таъйид намуда изҳор дошт, ки ӯ ҳанӯз аз соли 2018-ум мавриди пайгарди қонунӣ қарор дошт. Аммо тафсилоти иттиҳомот алайҳи ӯро ироа накард.

Аловатшоеви 44-сола зодаи Роштқалъа буда, аз роҳбарони зодагони ин ноҳия дар Русия муаррифӣ мешуд. Ӯ асосан дар Русия зиндагӣ ва ба гуфтаи наздиконаш, дар яке аз ширкатҳои муҳофизатӣ фаъолият мекард. Амриддин Аловатшоевро аз ҷумлаи нафароне мегӯянд, ки дар пайи нооромиҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ ба назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳозир шуд ва бо сафир дар Русия барои ҳалли қазия мулоқот анҷом доданд.

Чаро Иззат Амон афв нашуд? Посухи Шоҳиён

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олӣ 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ сабаби афв нашудани Иззат Амонро гуфт. “Иззат Амон то замони эълони ҳукм зарарро пурра пардохт накард. Бинобар  ин, ӯ  дар ҳабс боқӣ монд”, — гуфт ӯ.

Шоҳиён чӣ қадар қарздор мондани Иззат Амонро нагуфт, вале афзуд, ки “ман намедонам, инаш муҳим нест, қаллобӣ кардааст, мардумро фиреб кардааст”.

Суди шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2021 Иззат Амонро ба 9 сол зиндон маҳкум кард. Парвандаи ӯ бар асоси «қаллобӣ ба миқдори махсусан калон» баррасӣ шуд.

Иззат Амон, раиси созмони «Маркази тоҷикон» дар Маскав, рӯзи 25-уми марти соли гузашта аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз қаламрави ин кишвар ронда шуд. Пас аз як рӯзи он мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд.

Марз бо Афғонистон мустаҳкам мешавад

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, аз толибҳо интизор доранд, ки амалан омодагияшонро барои муколама бо гуруҳҳои мухталифи сиёсию этникӣ ба фоидаи тамоми мардуми Афғонистон нишон медиҳанд.

“Бояд ба ҷомеи ҷаҳонӣ пойбандияшонро ба риояи ҳуқуқи инсон собит созанд”,- таъкид намуд ӯ зимни нишасти хабарӣ.

Вазир муҳим хонд, ки тамоми талошҳо барои ҳалли мушкили гуманитарии мардуми Афғонистон равона шаванд. Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон тамоми инфрасохтори логистикияшро барои кумак ба мардуми Афғонистон, аз ҷумла 6 пулашро пешниҳод мекунад. “СММ аз тариқи гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон ба Афғонистон кумак кард”,- хабар дод Сироҷиддин Муҳриддин.

Дар мавриди вазъи марз Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки бо назардошти афзоиши таҳдидҳо Ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳоро барои таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонистон андешида истодааст.

Қочоқи 9 кг тилло пешгирӣ шуд

Барои қочоқи беш аз 9 кило тилло кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон як корманди Хадамоти гумрук ва яке аз моликони фурӯшгоҳи «Ҷило» дар шаҳри Душанберо боздошт кардаанд.

Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон 2‑юми феврал зимни нишасти матбуотӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки Ашраф Назримадов, сардори дидбонгоҳи мусофирони ин ниҳод дар фурудгоҳ бо гумони нодуруст санад кардан ва кам нишон додани миқдори маҳсулоти заргарӣ боздошт шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, Гулнора Турсунбоева, яке аз моликони фурӯшгоҳи «Ҷило» дар Душанбе беш аз 9 кило маҳсулоти заргариро аз Туркия вориди Тоҷикистон карда буд, вале онро чор кило сабт карда, бо ин роҳ аз пардохтҳои гумрукӣ фирор кардааст.

Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса 24‑уми январи соли ҷорӣ сурат гирифтааст.

Холиқзода аз фаъолияти Бонки исломӣ нигарон аст

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар соли 2021 ҳамагӣ 34 миллион сомонӣ аз ҷониби Бонки исломӣ дар Тоҷикистон қарз пешниҳод шудааст.

Ӯ гуфт, ки ин маблағ хеле нокифоя аст, зеро оинномаи Бонки исломӣ дар Тоҷикистон 200 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ба назари Ҳоким Холиқзода, баъзе мушкилот, аз ҷумла дар Кодекси андози қаблӣ дида мешуд, ки ба фаъолияти Бонки исломӣ дар Тоҷикистон монеа пеш меовард. Ӯ шарҳ дод, ки “мо дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои блоки иқтисодӣ дар комиссияи Кодекси андоз дар таҳрири нав иштирок доштем, вобаста ба ин тамоми монеаҳоро бартараф кардем. Умедворем, ки минбаъд пешниҳоди қарз аз ҷониби Бонки исломӣ ба мизоҷон бештар мегардад”.

Ёдовар мешавем, ки дар низоми Бонки исломӣ дар Тоҷикистон “Тавҳидбонк” фаъолиятро пеш мебарад. 

Мамнуъгоҳ қабристон нест

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, роҳбари ин сохтор Баҳодур Шерализода иброз намуд, ки соли сипаришуда дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар зиёда аз 37,3 миллион бех гулу буттаҳо шинонида шудааст.

Баҳодур Шерализода ба саволи намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба сарусадоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба он, ки дар Ромити шаҳри Ваҳдат мамнуъгоҳи оҳувон мардуми ин маҳалро бе қабристон кардааст, чунин ҷавоб дод: “Ин гуфтаҳо асос надоранд ва ҳудуде, ки дар бораи он сухан меравад, ҳанӯз бо қарори Ҳукумати вақт соли 1959 ба ихтиёри мамнуъгоҳ дода шудааст”.

Тоҷикистон аз рӯи суръати афзоиши саноат пешсаф аст

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 Тоҷикистон байни кишварҳои ИДМ аз рӯи суръати афзоиши саноат зинаи аввалро ишғол намуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 38,8 млрд сомониро ташкил дод, ки 23% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли қабл  аст.

Бо такя ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ, Шералӣ Кабир иттилоъ дод, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар давоми сол 22,9% афзуд, ки байни кишварҳои ин иттиҳод натиҷаи баландтарин мебошад. Масалан, ин нишондиҳанда дар Русия 5%, Ӯзбекистон — 9,5%, Қирғизистон — 0,2% ва Қазоқистон — 2,9%-ро ташкил додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 32%-и ҳисса ба соҳаи истихроҷи куҳӣ, 20% ба истеҳсоли неруи барқ ва 19% ба саноати хӯрокворӣ рост меояд.

Дар соли 2021 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 271 ҳазор тонна маъдани покшуда, 1,2 млн тонна семент ва зиёда аз 100 ҳазор тонна пахта содир кардааст.

Мактабҳоро бо омӯзгори мусиқӣ таъмин мекунем

Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар соли оянда фаъолияти ихтисоси суруд ва мусиқиро ҷоннок хоҳанд кард.

Ӯ дар иртибот ба суоли хабарнигорон дар мавриди норасоии устодони фанни суруд ва мусиқӣ дар мактабҳои миёна гуфт: “Мо аз миёни навозандагон ва оҳангсозони касбӣ чандин нафарро аллакай ба кор ҷалб кардаем ва ният дорем, ки ихтисоси устоди мусиқиро зиёд кунем, зеро ҳамаи мактабҳои кишвар ба кадр ниёз доранд”.

Ғаффорӣ мегӯяд, ки аллакай ҳамкории донишгоҳ бо ҳунармандон оғоз шуда, самар ҳам овардааст: “Соли равон бахшида ба 90-солагии донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо композитор Амирбеки Мӯсо бар асоси матни шоир Хайрандеш гимни ДДОТ эҷод шуд, ки онро шогирдони худи мо дар хори навтаъсисамон иҷро карданд. Хорро бошад, устоди донишгоҳ, ки аз Театри академӣ-драмавии опера ва балети ба номи С. Айнӣ даъват кардаем, роҳбарӣ мекунад”.

Боз 5 ихтисоси нав дар ДАТ

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аз рӯйи 5 ихтисоси нав – дентрология, кадастри замин, агротуризм, логистика, омори кишоварзӣ довталабон қабул карда шудаанд.

Ҳоло дар 10 факултети донишгоҳ 7425 донишҷӯ аз рӯйи 51 ихтисос таълим мегиранд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ ректори ин таълимгоҳи олӣ Усмон Маҳмадёрзода зикр намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта тариқи  Маркази миллии тестӣ зиёда аз 30 000 довталаб Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро интихоб намудаанд, ки ин нишондиҳандаи хуб аст.

Ҳамзамон, ҳоло дар донишгоҳ 96 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд. Имрӯз бештари хатмкунандагони донишгоҳ дар  ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Тоҷикистон тариқи роҳхат ба кор қабул карда мешаванд.

Хатлон: Дар соли 2021-ум 2067омӯзгор муҳоҷир шудаанд

Давоми соли 2021 аз муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон 2 ҳазору 67 омӯзгор ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд. Ин иттилоъро рӯзи 31-уми январи соли 2022 дар нишасти матбуотии Раёсати маорифи вилояти Хатлон пешниҳод карданд.

Ашӯралӣ Олимӣ — сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон гуфт, ки дар соли 2021-ум 1 ҳазору 900 омӯзгор тарки соҳа карда, ба муҳоҷират рафтаанд. Ӯ сабаби асосии муҳоҷиршавии омӯзгоронро паст будани вазъи иқтисодии оилавӣ гуфт. “Дар ин давра дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят наздики 1 ҳазору 957 омӯзгор ба кор қабул шудаанд”,- таъкид кард ӯ.

Аммо, дар ҳамин ҳол, Сайфулло Лутфуллоев — муовини сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон иддао кард, ки 1 ҳазору 900 омӯзгор не, балки 2 ҳазору 67 нафар тарки соҳаи омӯзгорӣ карда, барои кор ба хориҷи кишвар рафтаанд. “Аз ҳама бештар аз ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва Хуросон омӯзгорон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд”,- гуфт ӯ.

Сомонаи Pressa.tj ҳанӯз моҳи сентябри соли 2021 аз муҳоҷир шудани кам не, 750 омӯзгор ба хориҷи кишвар хабар дода буд.

Ашӯралӣ Олимӣ — сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон моҳи сентябри соли 2021 низ сабаби асосии рафтани омӯзгоронро ба муҳоҷирати меҳнатӣ вазъи нохуби молиявии онҳо гуфта буд. “Қариб аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон омӯзгорон ба хориҷи кишвар рафтаанд. Аммо бештар аз ноҳияи Кӯшониён ва Абдураҳмони Ҷомӣ муҳоҷиршавии омӯзгорон ба қайд гирифта шудааст”,- афзуда буд ӯ.

Маош дар ДМТ боз боло меравад

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон илова бар он ки аз 1-уми июли соли равон музди меҳнат 20% бардошта мешавад, аз оғози соли 2021 маоши кормандону омӯзгоронро дар ҳаҷми 10 % баланд намуд.

Ин нуктаро ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвақтзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.

Зикр шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар омода намудани кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ ҳам барои донишгоҳ ва ҳам барои марказҳои илмии дигари дохилу хориҷи кишвар мусоидат менамояд.

Яке аз дастовардҳои донишгоҳ дар соли сипаришуда — ин ишғол намудани ҷойи 241-ум миёни 450 донишгоҳи беҳтарину пешрафтаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мебошад, ки аз ҷониби ширкати бонуфузи британиягии «Quacquarelli Symonds (QS)» — Раддабандии донишгоҳҳои ҷаҳонӣ муайян карда шудааст.

Қудрат Давлатзода: Эродро қабул мекунем ва пайи ислоҳ мешавем

Қудрат Давлатзода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, баъд аз эроди журналистон, ки “чаро вазифаи муовини ректор оид ба тарбияро мард бар зимма дорад?  Магар донишгоҳ дар масъалаи кадр аз ҳисоби бонувон танқисӣ дорад?”, пайи ислоҳи он шудааст.

Ӯ гуфт, ки охири соли гузашта ба ин вазифа Бунафша Аҳмадзодаро, ки дар донишгоҳи мазкур фаъолияти омӯзгорӣ дошт, таъин намудааст.

Қудрат Давлатзода дар идомаи нишаст гуфт, ки соли гузашта барои донишгоҳ хотирмон буд. Зеро равобит бо муассисаҳои олии хориҷӣ вусъат пайдо карда, донишҷӯёни ихтироъкор, гирандагони стипендияҳои Президентӣ, раёсати донишгоҳ ва ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бештар кашф шуданд.

Имтиёзи ДДТТ ба шаҳрвандони Афғонистон

50 фоизи маблағи таҳсили донишҷӯёни Афғонистон, ки айни замон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино таҳсил доранд, кам карда шудааст.

Дар ин бора, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

«Мо шароити онҳоро вобаста ба вазъи кунунӣ ба назар гирифтем. Ин як дастгирӣ барои шаҳрвандони кишвари ба мо ҳамсоя мебошад»,- таъкид дошт ректор.

Гуфта мешавад, ки ҳоло беш аз 50 нафар аз Афғонистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таҳсил доранд.  Дар маҷмуъ 1950 муҳассилини хориҷӣ дар Донишгоҳи мазкур таҳсил мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *