Муҳоҷирони ИДМ аз Русия 5 миллиард долларро бо худ бурданд

Шахсони воқеӣ дар нимаи аввали соли равон аз Русия ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 5 миллиарду 720 миллион доллар интиқол додаанд.

Ба огаҳии Бонки марказии Русия, дар семоҳаи аввали соли равон аз Русия ба кишварҳои ИДМ 2,7 миллиард доллар интиқол дода шуда, дар семоҳаи дувум ин маблағ то ба 3,2 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.

Ба ҳисоби Бонки марказии Русия, дар миёни кишварҳои ИДМ аз ҳама бештар ба Ӯзбекистон пул фиристода шудааст. Дар нимсол аз Русия ба Ӯзбекистон беш аз 2 миллиард доллар – ҳудуди 800 миллион дар семоҳаи аввал ва 1,2 миллиард дар семоҳаи дувум интиқол додаанд. Маблағи миёнаи интиқол $350-370-ро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби Кумитаи омори Ӯзбекистон, Маҷмуи тавлидоти дохилии ин кишвар дар нимсолаи аввали соли равон $23,6 млрд будааст.

Тоҷикистон аз нигоҳи ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия дар мақоми дувум қарор дорад. Дар нимсол аз Русия ба кишвар беш аз 1,1 миллиард доллар интиқол дода шудааст. Маблағи миёнаи интиқол $140-150 аст.

Дар мақоми севум Қирғизистон қарор дорад. Дар нимсолаи аввали соли равон аз Русия ба ин кишвар беш аз 930 миллион доллар фиристода шуда, маблағи миёнаи интиқол $180-190-ро ташкил медиҳад.

Бонки марказии Русия ҳаҷми маблағҳоеро ҳисоб кардааст, ки ба воситаи низомҳои интиқолии BLIZKO, CONTACT, Western Union, «Золотая Корона», «Юнистрим» ва Почтаи Русия интиқол ёфтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *