Дар як рӯз 3 садамаи марговар

Дар рӯзи 30 сентябри соли 2019 дар роҳҳои Тоҷикистон се садамаи автомобилӣ рух дод, ки талафоти ҷониро ба дунбол дошт.

Бахтиёр Адҳамов, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-180», сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагардон: Раҷабова Майсара Мубиновна, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, хурдсолон: Раҷабова Нуронахон Носирҷоновна, соли таваллудаш 2013, Нуруллои Раҷабӣ Носирҷонзода, соли таваллудаш 2017-ро пахш намудааст.

Дар натиҷа Нуронахон Раҷабоваи хурдсол ба ҳалокат расида ва ду пиёдагарди дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.

Дар ҳодисаи дигар, Ҷурабек Бекбуттаев, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Караван», сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Хуҷанд-Душанбе-Чаннок» дар ҳудуди деҳаи Нофароҷи шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи автомашина набаромада ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда, Розиқ Соқиев, сокини ноҳияи Шаҳристон, ки аз самти муқобили роҳ ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Бар асари садама ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Караван» ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавт кардааст.

Дар садами сеюм, Маҳмадназар Маҳмадиев, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”,  сокини деҳаи Гулии ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, онро дар ҷӯйбори бетонии тарафи рости роҳ чаппа кардааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашина Алимов Қурбон Тағоймуродович, соли таваллудаш 1985, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *