Муҳоҷирони меҳнатиро аз алоқа маҳрум месозанд

Наздики миллион нафар муштариёни Тоҷикистон бе алоқаи арзон монданд. Пеш аз ҳама ин ба муҳоҷирон дахл дорад, ки ба Тоҷикистон бо нархи минималӣ занг мезаданд.

Хадамоти алоқа аз операторони мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) талаб кардааст, ки фаъолияти Шабакаҳои насли минбаъда NGN (Next Generation Network)-ро қатъ намоянд.

Шабакаҳои мултисервисии NGN бо мавҷудияти интернет сарфи назар аз дар куҷо қарор доштани дорандаи рақами NGN нақши алоқаи овозиро иҷро мекарданд. Зангҳо ба ҳама гуна рақамҳо ба Тоҷикистон аз рӯи тарифҳои стандартии дохилӣ сурат мегирифтанд, ба мисли он ки шумо аз телефони оддии хонагӣ занг мезадед. Зангҳои воридотӣ албатта бепул буданд.

Шумори муштариёни алоқаи NGN дар Тоҷикистон наздики миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аксарашон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Ширкатҳои Babilon-T, Tcell (Чи гап), Beeline (Salom), Estera ва Intercom дорои рақамҳои NGN мебошанд.

Хадамоти алоқа аз операторони мобилӣ ва интернет-провайдерҳо талаб кардааст, ки шабакаи NGN-ро дар трафики байнулмилалӣ қатъ кунанд. Сабабашро зарурат ба таъмини амнияти кишвар унвон кардааст. Ба операторон санади расмии бо кадом асос амалӣ шудани ин кор ва аз ҷониби маҳз кӣ қабул шудани қарори мазкур пешниҳод нашудааст.

Мувофиқи қарори ҳукумат «Дар бораи маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ», тамоми алоқаи овозии байнулмилалӣ бояд тариқи маркази ягонаи коммутатсионӣ гузарад, лекин IP-телефония ҳама зангҳоро ба дохилӣ табдил дода, бо ин сабаб онҳо аз маркази ягонаи комммутатсионӣ намегузаранд.

Тавре як манбаъ аз Хадамоти алоқа дар ин робита хабар дод, бо вуҷуди сабти дубораи рақамҳо, аз ҷумла рақамҳои NGN, дар ин самт одамон ба тиҷорат машғул мешаванд, яъне рақамҳои зиёд харида, онро берун аз ҳудуди кишвар паҳн мекунанд. «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо ёрии NGN аз Сурия тоҷикистониёнро ҷалб кардаанд, вале занг бошад, чун дохилӣ муайян шудааст», — гуфт манбаъ.

Ба ақидаи операторони мобилӣ ва провайдерон, барои ҳар як дақиқаи занги байнулмилалӣ онҳо ба маркази ягонаи коммутатсионӣ бидуни ААИ 20 дирам пардохт карда, қатъи баромади рақамҳои NGN аз IP-ҳои хориҷӣ ба он марбут аст, ки «Тоҷиктелеком» даромади пешбинишударо аз маркази ягонаи коммутатсионӣ аз алоқаи овозии байнулмилалӣ ба даст наовард. Яъне гузаштан аз алоқаи овозии байнулмилалӣ ба алоқаи виртуалӣ ба он оварда расонид, ки Хадамоти алоқа аз қисмати даромадҳояш маҳрум шуд.

Бознашр аз «Азия-Плюс»

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *