Хоҳиши мунтахаби Русия аз Кумитаи олимпӣ

 Бинобар иттилои  Р-Спорт,  Комиссияи варзишгарони  Кумитаи олимпии Русия (КОР) муроҷиатномаеро ба унвони Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар бораи аз нав дида баромадани қарор доир ба роҳ надодани мунтахаби Русия ба Олимпиадаи зимистонаи  соли 2018 омода намудаст.

КОР бо имзои  раиси комиссия, чемпиони олимпӣ оид ба шамшерзанӣ София Великая дар муроҷиатнома аз президенти КБО хоҳиш намудааст, ки ба иштироки варзишгарони Русия дар ОЗ-2018 бе суруд ва парчами миллӣ иҷозат бидиҳад.

Ёдрас мешавем, ки бо қарори Кумитаи иҷроияи КБО 5 декабр Кумитаи олимпии Русия аз ширкат дар ОЗ-2018 бо баҳонаи истфодаи допинг дар сатҳи боло маҳрум сохт, аммо пешниҳод намуд, ки  варзишгарони Русия имкон доранд  баъд аз ризоияти комиссияи махсус таҳти мақоми «Варзишгарони олимпии Русия» ва парчами миллӣ ба олимпиада раванд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *