Муҳоҷирони тоҷик ба мусалмони Мянмар кӯмак карданд

“Фонд Таджика” – як созмони хайриявии муҳоҷирони тоҷик дар Русия – эълон кард, ки ба 700 паноҳандаи мусалмони қавми Роҳинҷаи Мянмар дар хоки Бангладеш маводи ғизоӣ ва пули нақд кумак намудааст. Парвиз Иброҳимов, масъули созмони “Фонд Таджика”, рӯзи 24-уми сентябр бо нашри як навори видео аз маҳалли зисти паноҳандаҳо дар Бангладеш гуфт, ният доранд, ки ба 700 хонаводаи дигар молу маҳсулот дода, ба понздаҳ оилаи фирорӣ ҷойи хоб дуруст кунанд.

Ин кумакҳо аз пули муҳоҷироне расонда шудааст, ки тайи як моҳи ахир ба ҳисоби созмони “Фонд Таджика” дар Русия интиқол додаанд. Аммо Парвиз Иброҳимов дақиқ нагуфт, ки аз муҳоҷирони тоҷик барои кумак ба мардуми фирории Роҳинҷа чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шудааст. Инчунин, то ҳол маълум нест, кумакҳо аз чи навъи маҳсулоти ғизоӣ иборатанд ва ба баъзе хонаводаҳо чӣ қадарӣ пули нақд дода шуд.

Дар навори видео, ки рӯзи 24-уми сентябр нашр шуд, Парвиз Иброҳимов ҳамроҳи як нафари дигар дар байни паноҳандаҳо ва дар ҳоли тақсими пули нақд ва маҳсулоти ғизоӣ тасвир ёфтааст. Дар китфи яке аз онҳо парчами Тоҷикистон ҳам дида мешавад.

Ӯ дар навори видео гуфт, «мо имрӯз ними кори худро ба анҷом расондем. Ният дорем, ки фардо ба 700 хонаводаи дигар кумак кунем. Имрӯз дар ҷое будем, ки тақсими кумак осон аст, аммо фардо ба маҳалле меравем, ки бояд кумакҳоро дар ба дар тақсим кунем. Ба хонаводаҳое, ки барои гирифтани кумак омада натавонистанд, пули нақд додем, бигзор чизе мехоҳанд бигиранд.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *