Усмони Ҳасан аз олам чашм пӯшид

Усмони Ҳасан (Усмон Ҳасанов), собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон дар синни 87 аз олам чашм пӯшид. Усмони Ҳасан соли 1930 дар деҳаи Скади ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) ба дунё омада, дар даврони Шӯравӣ ду навбат раиси Шӯрои олӣ – парлумони вақти Тоҷикистон буд. Ӯ дар зиндагиаш се дафъа сафари Ҳаҷ кардааст.

Усмони Ҳасан собиқ Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, арбоби давлатӣ дар синни 87солагӣ шоми дирӯз аз олам даргузашт. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон субҳи имрӯз ба хонаи марҳум дар шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, ба аҳли хонавода ва дигар пайвандони ӯ дар робита бо ин мусибат изҳори тасаллият намуд. Намози ҷанозаи Усмони Ҳасан имрӯз дар яке аз масҷидҳои шаҳри Ваҳдат баргузор гардид ва дар оромгоҳи деҳаи Ҷарбошии ҳамин ноҳия ба хок супурда шуд.
Усмони Ҳасан соли 1930 дар деҳаи Скади ноҳияи Сангвор дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Баъди хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа соли 1945 ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳраки Навободи ноҳияи Ғарм дохил шуда, онро соли 1948 хатм мекунад.

Худи ҳамон сол ба Институти дусолаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб дохил мешавад. Институтро соли 1950 ба итмом расонда, ба зодгоҳаш ба ҳайси муаллим ба кор фиристода мешавад.

Солҳои 1951-1953 дар ноҳияи Сангвор муаллим шуда кор мекунад ва ҳамзамон дар ҳамин солҳо дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ғоибона таҳсил намуда онро бо муваффақият хатм мекунад.

 Баъди хатми Донишкадаи омӯзгорӣ соли 1953 ба ҳайси директори омӯзишгоҳи омӯзгорӣ оиди ғоибхонҳо дар вилояти Ғарм фаъолият кардааст. 

Соли 1955 ба кори ҳизбӣ мегузарад. Дар аввал то соли 1959 ба ҳайси мудири шуъбаи идеологии кумитаи ҳизбии ноҳияи Тоҷикобод, баъдан солҳои 1959-1960 сармуҳаррири рӯзномаи «Қаротегини советӣ» фаъолият намудааст. Солҳои 1960-1962 шунавандаи мактаби олии ҳизбӣ буд. 

Солҳои 1962-1970 дар вазифаҳои мудири шуъбаи идеологӣ, сипас котиб ва котиби дуюми кумитаҳои ҳизби коммунисти ноҳияҳои Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) ва Файзобод кор кардааст. Солҳои 1970-1973 вазифаи раиси комиҷроияи ноҳияи Файзободро ба дӯш доштааст. Аз соли 1973 то соли 1986 котиби аввали ҳизби коммунисти ноҳияи Ғарм ва шаҳри Орҷоникидзеобод буд.
Усмони Ҳасан солҳои тӯлонӣ намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида дар даъватҳои 10-11-ум раисии онро ба уҳда дошт.

Заҳмати Усмони Ҳасан бо ордену медалҳо ва дигар мукофотҳои давлатӣ, азҷумла ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони фахрӣ», ордени «Дӯстии халқҳо», медали «Барои меҳнати шоён» ва ғайра қадрдонӣ шудааст.
Усмони Ҳасан муаллифи як силсила китобҳое мебошад, ки аз рӯзгори пурҷушу хурӯши худи ӯ ва мардуми кишвар қисса мекунанд. Аз ҷумла китобҳои «Дар оилаи ягона», «Сулҳ иродаи халқ», «Пайванди дилҳо», «Ойинаи ҳаёт», «Маромнома», «Мавҷи Хингоб», «Такони ҳаёту зиндагӣ» масоили муҳими ҳаёти гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷикро инъикос кардаанд ва хонандаи худро доранд.


Усмони Ҳасан дар тӯли умри худ се маротиба мушарраф ба зиёрати Хонаи Худо шудааст.
Усмони Ҳасан дар ёди мардуме, ки ӯро мешинохтанд, ҳамчун инсони меҳнатдӯст, ҳалиму хоксор боқӣ мемонад.
Руҳаш шоду хонаи охираташ обод бод!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *