Муҳоҷирони туркман ба ватан баргаштан намехоҳанд

Шумори ҳарчи бештари туркманистониҳое, ки ба хориҷ рафтаанд, дубора ба ватанашон баргаштан намехоҳанд. Миёни онҳо асосан донишҷӯёни донишгоҳҳои хориҷи Туркманистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд.

Шумори ҳарчи бештари туркманистониҳое, ки ба хориҷ рафтаанд, дубора ба ватанашон баргаштан намехоҳанд. Миёни онҳо асосан донишҷӯёни донишгоҳҳои хориҷи Туркманистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд.

Ба иттилои шоҳидон, дар ҳоли ҳозир мавҷи муҳоҷирати туркманистониҳо ба хориҷ мушоҳида мешавад.

Нашрияи «Хроника Туркменистана» ҳам иттилоъ медиҳад, ки донишҷӯёни туркмании донишгоҳҳои Белорус ба Туркманистон баргаштанӣ нестанд.

Аммо волидон аз фарзандонашон талаб мекунанд, ки ба маҳзи тамом шудани донишгоҳ ба ватан баргарданд.

Мақомоти Туркманистон мавҷудияти мушкили муҳоҷиратро расман эътироф намекунанд. Ба иттилои расмӣ, танҳо дар моҳи марти соли ҷорӣ наздики 23 ҳазор шаҳрванди Туркманистон ба Туркия рафтааст.

Гуфта мешавад, давоми 10 соли охир ҳудуди 1 миллиону 879 ҳазор сокини Туркманистон он кишварро тарк кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *