Меҳринигори Рустам … ҳуқуқшинос мешавад

Хонаводаамон хостанд, ки маълумоти дуюми ман ҳуқуқшинос бошад. Барои донистани ҳуқуқҳои худ ва ҳимояи онҳо ин самт интихоб шуд ва пушаймон низ нестам. Гарчанде солҳои аввал барои худам чандон писанд набуд.

Меҳнигори Рустам, яке аз сарояндаҳои ҷавон ва шинохтаи тоҷик факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм намудааст.

Дар ин бора худи Меҳрнигор дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дода, навиштааст, ки акнун ӯ мутахассиси риштаи ҳуқуқ низ ҳаст.

Овозхон инчунин таъкид кардааст, ки устодон нисбати таҳсилаш дар факултет сахтгир буданд, ки ӯ ба ин мартаба расид.

«Ранги сурх рамзи талош, муваффақият, зафармандӣ ва сурхрӯиву сарбаландӣ. Гирифтани дипломи сурх як ҳодисаи хеле муҳим дар зиндагии ман аст. Аз тамоми устодон, дотсентони кафедра, ректор миннатдорам, ки бо сахтгириашон маро мутахассиси риштаи ҳуқуқ карданд. Сипоси фаровон ба ҳамкасбонам аз ДМТ. Ба гуфти бибиам Худо рӯи ҳамаи шуморо сурх гардонад», — менависад Меҳринигор.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Меҳринигор ҳангоми суҳбат бо Манзумаи Фирӯз дар “Азия-Плюс” ба саволи “Чаро маълумоти дуюматонро ҳуқуқшинос интихоб кардед?” чунин ҷавоб дода буд:

— Хонаводаамон хостанд, ки маълумоти дуюми ман ҳуқуқшинос бошад. Барои донистани ҳуқуқҳои худ ва ҳимояи онҳо ин самт интихоб шуд ва пушаймон низ нестам. Гарчанде солҳои аввал барои худам чандон писанд набуд. Ҳунарманд, ки будам дар байни нафарони ҳуқуқшинос худро нороҳат эҳсос мекардам, чун таваҷҷӯҳ низ хеле зиёд буд. Баъди муддате одат кардам ва дигар мушкилӣ надоштам.

Лозим ба ёдоварист, ки Меҳринигори Рустам, 14 октябри соли 1994 таваллуд шудааст.  Аз синни панҷсолагӣ ба сурудхонӣ шурӯъ карда, тӯли 19 сол мешавад, ки санъаткор аст. Дар мактаби мусиқии ба номи  Миратулло Атоев (пештар ба номи Малика Собирова буд) то синфи шаш таҳсил намуда, аз синфи 7 то 11 дар мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе таҳсил кардааст. Дар Консерватория миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамчун овозхони академӣ таҳсил карда, ду консерти операвӣ низ баҳри мухлисонаш пешкаш намудааст. Соли 2016 барои гирифтани маълумоти дуюм ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ супорида, онро низ хатм кард. Меҳринигор дорандаи ҷоизаи фестивал ва барномаҳои зиёд буда, тез-тез дар консертҳои дохил ва хориҷи кишвар ҳунарнамоӣ мекунад. 

Аммо феълан ҳунарманд тавзеҳ надодааст, ки дар соҳаи ҳуқуқ фаъолият хоҳад кард ё на.

Тавре ба хабарнигори сомонаи “Tajikistantimes.com” аз раёсати Донишгоҳи милллии Тоҷикистон хабар доданд, имсол Донишгоҳи миллиро 270 нафар бо дипломи сурх хатм карданд. Дар байни гирандагони дипломи сурх 2 магистри факултети журналистика Меҳрангез Қодирова ва Наврӯзмоҳ Вазирбекова низ будаанд.

Бояд таъкид намуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, яке аз аввалин муассисаҳои олии кишвар аст, ки соли 1947 ҳамчун Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ташкил шуда буд. Аз соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хоса дорад. Дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат дарпешрафти давлати мустақили Тоҷикистон,рушду равнақи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии кишвар саҳмиарзанда мегузоранд.

Феълан донишгоҳ дорои 18 факултет, 114 кафедра, Институти илмию тадқиқотӣ, Литсейи равияи табиӣ-риёзӣ, Китобхонаи илмӣ ва электронӣ, 112 озмоишгоҳи илмию таълимӣ ва тадқиқотӣ, 10 маркази интернетӣ, 52 синфхонаи компютерӣ, 39 кабинети лингофонӣ, зиёда аз 10 марказҳои хизматрасонии таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, осоишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

24 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.