Муаллифи “Тоҷикистон” аз “Зарафшон” 500 000 сомонӣ гирифтан нахост

Исмоил Зарифӣ, рӯзноманигор ва шоири муқими Панҷакент ва масъулони корхонаи тиллои «Зарафшон» аз даъво алайҳи якдигар даст кашида, аризаҳои худро аз суд бозпас гирифтаанд.

Ду ҷониб бо аризаҳои даъвогӣ ба додгоҳи Панҷакент шикоят бурда буданд.Баҳси миёни рӯзноманигор ва корхонаи “Зарафшон” баъд аз нашри як мақолаи Зарифӣ дар бораи камбудҳои ин корхона дар моҳи июли соли ҷорӣ сар зад. Раҳбари корхонаи «Зарафшон» муаллифи мақола ва нашрияи “Тоҷикистон”-ро бо иддаои паҳн кардани маълумоти беасос, ки эътибори кории ин корхонаро коста мегардонад, ба додгоҳ кашида, хоста буд онҳо дар бораи беасос будани мақолаи худ раддия чоп кунанд ва аз онҳо 10 000 сомонӣ подоши зарари маънавӣ рӯёнида шавад.Ба навбати худ Исмоил Зарифӣ бо аризаи ҷавобии даъвоӣ корхонаи тиллои «Зарафшон» ва ду масъули ҳукумати Панҷакентро ба додгоҳ кашид ва аз онҳо “барои беасос ва дурӯғ номидани ӯ” 500 000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ талаб кард. Баъди тақрибан чор моҳи баҳс ва ба додгоҳ бурдани шикоят алайҳи якдигар, рӯзноманигор — Исмоил Зарифӣ ва раҳбарияти корхонаи муштараки тиллои “Зарафшон“ ба созиш омада, шикоёти худро бозпас гирифтанд.Зарифӣ гуфтааст, ки  ҷонибҳо бе ягон қайду шарт аз даъвоҳояшон даст кашиданд. Ӯ афзуд: “Ман аз ин розиям. Чунки дар пайи баҳс саломатиамро бой додам. Ба ман дигар ин хел кашмакашҳо лозим нест.”Зарифӣ дар аризаи даъвоии худ ба додгоҳи Панҷакент низ навишта буд, ки нашри вокуниш ба мақолаи ӯ дар нашрияи ҳукумати Панҷакент боис ба хароб шудани вазъи рӯҳияш шуда, рӯзҳои зиёде дар шӯъбаи бемориҳои асаб хобида, баъдтар ба маркази саломатии шаҳри Панҷакент муроҷиат кардааст.Созиши ҷонибҳо ба қатъи баҳси додгоҳӣ бо рӯзноманигор – Исмоил Зарифиро Маҳмуд Мусоев, муовини мудири корхонаи муштараки тиллои “Зарафшон” дар Панҷакент тасдиқ кард. Ӯ гуфт, раҳбарияти корхонааш пешниҳоди Зарифиро барои оштиву бидуни додгоҳ поён додани баҳс бо ҳамдигар қабул кард. Ӯ афзуд, ин созиш баъд аз сӯҳбати ҷонибҳои даъвогар бо ҳамдигар ба даст омадааст.Ба қавли Мусоев, Исмоил Зарифӣ дар корхонаи тиллои “Зарафшон” ба ҳайси раҳбари дастаи посбонон кор мекунад ва ба ин далел раҳбарият аз даъво алайҳи корманди худаш гаштааст. Ҳамчунин, Зарифӣ ба ҳайси рӯзноманигори озод барои бархе нашрияҳои Душанбе матлабҳо менависад. Ӯ дар маҳофили адабии шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳайси донандаи шеър ва шоири хушсалиқа ном баровардааст.Исмоил Зарифӣ дар мақолааш бо номи «Корхонаи Зарафшон. Зар аз кисту заҳр аз кист?», бархе мушкилоти ин корхона, аз ҷумла рӯзи кории 12 — соатаи коргарони маҳаллӣ, заъфи техникаи бехатарӣ ва фарқи аз ҳадд зиёди моҳонаи коргарони оддӣ ва менеҷерҳову ҳуқуқшиносони ин корхонаро баён кардааст.Ин матлаби интиқодӣ моҳи июли ҳамин сол дар нашрияи “Тоҷикистон” ба чоп расид ва дар пай мақомот дар нашрияи ҳукумати Панҷакент — «Зарафшон» посух дода, далелҳои мақоларо бепоя ва нодуруст номиданд ва Зарифиро барои паҳн кардани факту рақамҳои бардурӯғ, муттаҳам карданд.Дар натиҷа Ҷин Шундин, мудири кулли корхонаи тиллои “Зарафшон” аз додгоҳи Панҷакент хост, Исмоил Зарифӣ — муаллифи мақола ва нашрияи “Тоҷикистон” барои паҳн кардани маълумоти беасос, ки шаъну шараф ва эътибори кории ин корхонаро коҳиш медиҳад, бо се роҳ амали худро ҷуброн кунанд. Аввалан мақолаи мазкур беэътибор дониста шуда, аз интернет хориҷ карда шавад ва муаллиф дар нашрияи «Тоҷикистон» оид ба дурӯғ будани мақолаи худ раддия чоп кунад ва аз ҷавобгарон барои паст задани эътибори корхонаи мазкур 10 000 сомонӣ подоши зарари маънавӣ рӯёнида шавад. Аммо ҳамакнун ҷонибҳо қабл аз шурӯи баррасӣ дар додгоҳ ба созиш расида, аз даъвоҳои худ даст кашида

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *