Мухлисони Човуширо фиреб карданд?
Фиреби қабеҳ ё макри нобахшидание, ки аз ҷониби баргузоркунандагони консерте, ки санаи 11-уми ноябри соли ҷорӣ дар Филармонияи давлатӣ баргузор шуд корест басо разилона.
Зеро ин маккорон бо истифода аз ном ва сурудҳои сарояндаи машҳури эронзамин Муҳсин Човушӣ мухлисони тоҷики вайро ба доми макру ҳилла кашидаанд ва аз дар барномаи консертии мазкур, ки нархи чиптаҳояш 200, 250 ва 300 сомониро ташкил медод на худи Муҳсин Човушӣ, балки ба қавле”Дубликат”- и ӯ Ризол Муҳаммадӣ сарояндагӣ кардааст.
Шарҳи бештари маълумотро Дӯстмурод Сайидо дар сомонаи “Фейсбук”-яш чунин нашр кардааст.
Ногуфта намонад, ки Мухсин Чавошӣ 25 июли соли 1979 дар Хуррамшаҳр тавлид ёфтааст. Сароянда ва оҳангсози муосири эрони буда, муаллифи беш аз 60 суруд ва 6 албом аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75

Шарҳ