Муаллимаи аспсавор. Ӯ кист ва чӣ шуғл дорад?
— Ба фарзандон чӣ таълим додед?
— Зиндагӣ карданро.
— Зиндагӣ кардан аз нигоҳи шумо чист?
— Ҳунар ва ҷасорат доштан.
— Ҳунар аз чӣ пайдо мешаваду ҷасорат аз чӣ?
— Ҳарду ҳам аз таҳсил!
— Фарзандонро хонондед?
— 5 фарзанд дорам. Ҳама соҳибмаълумотанд.
— Касбу пешаашон куҷост?
— Калонӣ ба ҷойи ман директори мактаб шуд. Хурдӣ имсол донишгоҳро хатм мекунад.
— Яъне, аз паси модар рафтанд?
— Шукр.
Ин суҳбати кӯтоҳ оғози достони тӯлонии муаллимаи аспсаворест. Ӯ дар болои асп бузург шуда. Писандаш аст вафодорӣ ба ин ҳайвони безабон. Бо ӯ буданро хуш дораду ғазабашро суҳбати асп фурӯ менишонад. На ҳама ҷонваронро дӯст медорад, вале асп маънои дигар дорад дар рӯзгори ӯ. Пушташ мебарояду дур мешавад ғамаш. Тавъам аст рӯзгораш бо асп.
Ҷӯраи асп
Хеле кам иттифоқ уфтода, ки ӯ пойи пиёда гашта бошад. Мардум бештар чун муаллимаи аспсавор мешиносандаш, зеро солҳо сарвари мактаб буд. Ва маҳз ҳамон айём низ болои асп. Ор надошт аз касеву бим аз чизе. Озод мегашт бо нақлиёти вафодораш.
Чинигул 54 сол дорад. Аз ин масир фаротар аз 50-и онро болои асп гузаронида. Ӯ 9 сол пайи таълим рафт. Бо як маълумот қонеъ нашуд. Баъди хатми Донишкадаи омӯзгории Рашт ба таҳсили дуюм шавқ пайдо кард. Ҳамзамон, фаротар аз 12 сол сарвари мактаби №45-и деҳаи Навдиёри ноҳияи Лахш буд.
Ҳам сарвар асту ҳам модар. 5 фарзанд дораду бештар аз садҳо шогирд. Масири 22 сол дар ҷодаи пуршарафи омӯзгорӣ гом бардошт. Ба фунуни дақиқ рӯй оварду мударриси физика ва математика шуд. Имрӯз Чинигулу хонаводааш ҳам дар замин заҳмат мекашанду ҳам дар мактаб.
Бо орзуҳои кӯдакӣ
Чинигул ҳанӯз кӯдак буд, ки оташаки омӯзгорӣ дар умқи қалбаш шуъла андохт. Ҳар боре, ки ба мактаб мерафту дар дарсҳо ширкат меварзид, баҳри дилаш бештару беҳтар боз мешуду ин муҳаббат қалбашро мефишурд.
Ёд надорад, ки боре бидуни омодагӣ ба мактаб рафтааст. Ҳар шом баъди тановули ғизо сар ба рӯи китоб хам мекарду то посе аз торикӣ мехонд. Мехонду мехонду мехонд. Ва хонданаш самар овард.
Замоне ки хатмкунанда буд, дар миёни чорроҳа монд. Ҳуҷҷатҳо дар даст куҷо рафтанро меандешид. Чанддила буд. Куҷо равад? Ва рафт ба пешаи орзуи кӯдакиҳояш. Омӯзгориро дар меҳвари интихоб қарор дод. Он ҷо ҳам бо сари баланд хонд ва ба диёраш омаду омӯзгор шуд.
Аз оддӣ то олӣ
Чинигул то як поси шаб чун ҳини талабагӣ мешишту барои фардо муҳтавои дарс менавишт. Ғами шогирдонро сахт мехӯрд, ҳарчанд зиёд набуданд. Заҳматҳои шабонарӯзӣ ниҳоят бор овардан гирифтанд. Ӯ аз муаллимаи ҷавони навомӯз ба устоди собиқадори сахтгир бадал шудан мегирифт.
Баъди чанд соли фаъолият заҳмату таҷрибааш кор доду ӯро сарвари муассиса таъин карданд. Дар ин масир 12 сол зимоми роҳбариро дар даст дошт. Баробари муҳаббати касб ишқи заминро ҳам дар дил маҳфуз мемонд. Ин буд, ки духтари калон ҷойгузинаш гашту худ рафт ба миёни замин. Акнун омӯзгори оддисту сарвари хоҷагӣ.
Талош барои нони дуюм
Картошка нони дуюми мардум аст. Онро бомазза мехӯранду таомаш ҳамеша лазиз аст. Ин хонавода имрӯз аз ҷумлаи картошкапарварони маъруфи Лахшанд. Кулли хонавода субҳи солеҳ ба замин меоянду шоми тор мераванд ба хона. Корашон бештар ин ҷост, ба истиснои ҳини кори мактаб. Ҳамин ки аз дарсҳо фориғ шуданд, рост ба картошказор!
Соле қабл духтараш барандаи Гранти президентӣ шуду бо мақсади афзоиши кишти картошка ва бештар намудани ҳосилнокии он қитъаи таҷрибавиеро бо шумули замини корами худашон гирифтанд ва хоҷагии деҳқонии “Умед” созмон ёфт. Қаҳрамони мо ҳамакнун сарвари ин хоҷагӣ аст.
Таҷрибаи кишти картошка дар заминҳои онҳо борҳо мавриди омӯзиши хоҷагидорони дигар навоҳӣ шуда, ҳайати соҳибкорону хоҷагидорони Суғду Хатлон чанд бор меҳмонашон буда.
Онҳо дар заминҳои худ чанд анвои картошка киштаанд, чун пешпазаку сафеду сурху чанди дигар. Ҳолиё, вақти бо онҳо ошноии мо пешпазакро мечиданд ва хеле ҷолиб. Дар ин кор ҳам асп барояш ёвар буд. Ӯ аз болои асп картошка мечид ва ин диққати моро бештар ба худ кашид.
Ёвари беминнат
Чинигул нақл кард, ки ба истиснои ҷуфтронӣ дигар дар ҳама маврид асп ёвараш асту тамоми корҳои заминҳоро якҷоя анҷом медиҳанд — дорупошӣ, хишоба, обмонӣ, чидан ва бурдан то анбор вазифаи ҳама аъзои хонавода аст.
“Васка” баробар ба узви оилаашон аст. Онҳо 3-тоянд — “Васка” ва бародару хоҳараш. Вале, Чинигул бо ӯ бештар хӯ гирифта. Ҳарчанд, чанд бор аз болояш сарозер омаду лат гирифт, аммо меҳри ӯро раҳо накард, чаро ки аспсаворӣ оини авлодиашон аст. Падараш човандози маъруфи водии Рашт буд бо исми Айюб Шарифов. Аюб ҳеҷ гоҳ аз пойгаҳҳо бе дастоваз ба хона наомада, зеро маҳораташ беҳамто буд.
Фарзанди ҳамин гуна падар аст Чинигул. Писарашро ҳам бо ин пайроҳа равон кард. Имрӯз ӯ човандози маъруф асту қаҳрамониҳои бобояшро такрор мекунад. Болои “Васка” бузро ба марраҷо ҳаво дода, бо қоливу кӯрпа ва куртаҳои бешумор ба хона меояд. Ин ифтихори модар аст.
Модари сахтгир
Омина духтари калону Шукрона хурдии хонадон аст. Калонӣ аллакай сарвари мактаб асту хурдӣ омӯзгори ин даргоҳ. Ҳарду ҳам соҳибмаълумотанд. Фарзандони дигар низ соҳибтахассусанд, аммо ба аспу замин майли бештар доштаву пайи падар рафтанд. Духтарон чун бештар ҳамрози модаранд, дар қадамҷойи ӯ пой гузошта, имрӯз равшангарони роҳи ояндаанд.
Омина соли 2021 Донишкадаи омӯзгории Раштро итмом оварду бо ҳадафи идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳо дар даст озими пойтахт шуд. Дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон азмашро хуш истиқбол карданд ва инак, муҳассили соли дуюм аст. Орзуи додгустарию омӯзгорӣ ҳамеша дунболашанд ва ӯ ҳам ба қасди кӯдакӣ дифоъгари ҳуқуқ шуд.
Шукрона ҳанӯз донишҷӯст. Аз рӯи риштаи забону адабиёти тоҷик ғоибона дар Рашт мехонад. Дар ин баробар, омӯзгори ин фунун дар муассисаи зодгоҳаш аст. Бо қирғизу тоҷикҳо кор мекунад. Худ ҳам омехтаи ду миллат аст ва ҳеҷ гоҳ тафриқа нагузошта миёни ҳарду. Бо ифтихор мегӯяд, ки рисолати омӯзгорӣ дораду насли ду миллатро тарбия месозад. Ӯ ҳам баъди хатм маълумоти дуюм гирифтанист.
Охирсухан
Хонандаи азиз, ин ҳама баракати асп асту замини картошка. Чаро ки даромади солонааш хонаи чандинҳоро таъмин месозаду орзуи фарзандонро амалӣ. Бекорони деҳа дар замини кишти хоҷагии деҳқонии “Умед” кор карда, наволаи нон меёбанд. Ин хонавода имрӯз ифтихори Лахш аст, зеро дар мақомоти ноҳия аз хидматчии оддӣ то сарварон тавсифи ҳунарашон намуданд. Хуш ба ҳолашон!
Мирсаид САТТОРИЁН, Душанбе — Лахш — Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ