Муаллимаи одамкуш 19 сол гирифт
Суди вилояти Хатлон баррасии парвандаи муаллимаи мактаби шумораи 14-и ноҳияи Шаҳритузро хотима дода, ӯро ба 19 ва шавҳарашро ба 17 соли зиндон маҳкум кард.
Ҳамсарон дар куштор ва сӯиқасд ба куштор гунаҳгор шуданд. Мурофиаи додгоҳии муаллимаву ҳамсараш рӯзи 14 сентябр дар бинои додгоҳи ноҳияи Шаҳритуз анҷом шуд.Дилбар Мигнороваи 29-сола ва шавҳари ӯ Шафқат Норматови 30-сола, сокинони деҳаи Султонободи ҷамоати Пахтакори ноҳияи Шаҳритуз дар қатли як нафар ва маҷруҳ кардани нафари дигар гунаҳгор дониста шуданд.Тавре,ки қабалан хабар дода шуда буд, зану шавҳар дар натиҷаи як моҷарои ҳамсоягарӣ Дилабар ҳамсоязани худро бо кордзада кушт ва ҳамчунин фарзанди ӯ захмӣ шуд.Ҳамсарон аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноӣ — “тайёрӣ ба ҷиноят”, “сӯиқасди ҷиноят” ва “куштор” маҳкум шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ