Як ҳафтаи  Фаронса дар Душанбе

Аз имрӯз, 17 сентябр  сар карда, то 22 сентябр дар Душанбе “Ҳафтаи Фаронса” баргузор мегардад.

Дар доираи Ҳафтаи мазкур имрӯз, соати 17:00 дар Қароргоҳи Сафорати Франсия дар Тоҷикистон бо иштироки Франсис Ришар дар мавзӯи «Китобхонаи миллии Франсия, манускриптҳо: Ҳамкории Тоҷикистон ва Франсия» конфронс баргузор мегардад.

18 сентябр, соати 18:00 дар киностудияи «Тоҷикфилм» барои ҳаводорони кино  филми Реми Шае «Дар боми ҷаҳон» пешниҳод мешавад.

Ҳамчунин 19 сентябр, соати 09:00 дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Ҳамкории бостоншиносӣ байни Франсия ва Тоҷикистон – лоиҳаҳои Осорхонаи Гиме» баргузор мешавад.

22 сентябр намоиши либосҳо аз ҷониби тарроҳон Хуршед Сатторов ва Фарвардин Оташин манзури ҳаводорони муд хоҳад шуд. Намоиш  соати 18:00 дар чойхонаи «Роҳат» сурат мегирад.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи ҳафта аз 17 то 20 сентябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мактаби тобистонаи «Мероси хаттии Осиёи Марказӣ: натиҷаҳо ва дурнамои тадқиқот» баргузор мегардад. Ёдовар мешавем,ки ҳафтаи гузашта сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар дар меҳмонии сомонаи «Тоҷикистон таймс» қарор дошт ва сари масъалаи баргузории ин чорабинӣ бо журналистони тоҷик мулоқот барпо намуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *