Муаллими забони англисӣ бо тоқиву ҷома
Таҳсилу кор дар Чин, забономӯзиву забономӯзонӣ ва блогерӣ дар суҳбат бо Диловар Юлдашев
Чанд соли охир дар сегменти тоҷикии Инстаграм касоне фаъол гардиданд, ки бо наворҳояшон ба мардум забони хориҷӣ меомӯзонанд. Ин раванд дар шабакаи мазкур зуд паҳн гардид ва ҳатто аудиторияи калон ҳам ба муаллимони забондон таваҷҷуҳ мекардагӣ шуданд. Яке аз муаллимони забони англисӣ, ки услуби махсуси омӯзишӣ дорад ва рӯз аз рӯз шумораи обуначиёну шогирдонаш зиёд мешавад, Диловар Юлдашев мебошад. Ӯро айни ҳол наздики 60 ҳазор нафар дар Инстаграм пайгирӣ мекунанд.
Диловар ҳоло дар Ҷумҳурии мардумии Чин кору зиндагӣ дошта, ҳам дар маркази забономӯзӣ дарс медиҳад, ҳам тариқи онлайн ба тоҷикон аз гӯшаҳои гуногуни дунё забон меомӯзонад ва ҳам дар Инстаграм наворҳои омӯзишӣ нашр мекунад.
Мо бо эшон доир ба махсусияти таҳсилу кор дар Чин, забономӯзию муаллимӣ ва фаъолияти блогериаш суҳбат кардем, ки мухтасари он манзури хонандагон мегардад.
— Фикри таҳсил дар Ҷумҳурии мардумии Чин чӣ хел пайдо шуд?
— Соли 2014, вақте ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон таҳсил мекардам, имкон шуд, ки бо дигар донишҷӯёни донишгоҳ даҳрӯза ба Ҷумҳурии мардумии Чин сафар кунем. Дар ҳамон сафар Хитой ба ман сахт писанд омад ва пеши худ мақсад гузоштам, ки ҳатман пас аз хатми донишгоҳ барои идомаи таҳсил ба ин ҷо меоям.
— Чӣ гуна имкон пайдо шуд, ки шумо ба Чин рафтед?
— Пас аз он сафари даҳрӯза ман ба омӯзиши забони хитоӣ шуруъ кардам. Бисёр мехостам давоми таҳсиламро дар Чин бигирам ва ин ангезаи хуб буд барои омӯхтани забони хориҷӣ. Ҷумҳурии мардумии Чин барномаи давлатии махсус дорад, ки ба довталабон имкон медиҳад аз саросари дунё ба донишгоҳу донишкадаҳояш дохил шаванд. Ҳамчунин, мувофиқи барнома таҳсилу хобгоҳ ройгон буда, моҳона 450 доллари амрикоӣ идрорпулӣ медиҳад. Вақте ки аз вуҷуд доштани чунин лоиҳа хабар ёфтам, забономӯзиамро боз ҷиддитар кардам ва аллакай моҳи марти соли 2015 аз озмуни барномаи болозикр гузаштаму барои омӯзиши забони чинӣ ба муддати як сол ба Ҷумҳурии мардумии Чин омадам.
— Як соли таҳсил чӣ гуна гузашт ва давоми роҳ чӣ шуд?
— Вақте ки ман ба Ҷумҳурии мардумии Чин барои таҳсили яксола омадам, таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон мавқуф гузошта будам ва пас аз бозгашт хонданро давом дода, дипломамро гирифтам. Баъдан, боз ба Хитой омадам ва ин навбат дар зинаи магистратура таҳсил кардам.
— Баъди анҷоми таҳсил дар Чин ба чӣ корҳо машғулед?
— Дар ҳоли ҳозир дар як маркази забономӯзӣ ҳамчун муаллими забони англисӣ фаъолият мекунам. Инчунин, курси онлайни забони англисӣ дорам, ки ба хоҳишмандон дарс медиҳам.
— Чӣ гуна курсро ташкил кардед ва моҳонааш чанд сомонӣ аст?
— Бояд бигӯям, ки дар курс ман танҳо нестам, боз чанд муаллими забони англисӣ фаъолият мекунанд. Сабаби ташкили он талабот аст, яъне аз ман ҳамватанонамон хеле зиёд пурсиданд ва мо корро сар кардем. Курси мазкур дар як моҳ 12 дарси яксоата дорад ва 250 сомонӣ аст.
— Чанд шогирд доред?
— Шукр, дар ҳоли ҳозир зиёда аз 80 шогирд дорем, ки 90 фисадашон тоҷикони худамон ҳастанд.
— Тоҷикони дар Тоҷикистон қарордошта?
— Ҳам тоҷикони дар Тоҷикистон қарордошта ва ҳам берун аз он.
— Дар Чин муносибат бо хориҷиҳо чӣ гуна аст?
— Ҳамватанони мо дар Чин хеле зиёданд, ки таҳсилу кор мекунанд. Муносибат бо мо ва на танҳо бо тоҷикон, балки бо тамоми хориҷиён бисёр хуб аст. Аз муносибати мардуми чин шикоят нест ва метавон гуфт, ки дар ин ҷо хеле имконияти зиёд аст.
— Идеяи таҳияи наворҳои омӯзишӣ дар Инстаграм чӣ гуна пайдо шуд?
— Аслан, соли 2019 ман кӯшиш карда будам, ки ба воситаи Инстаграм ба корбарони ин шабака калимаву ибораҳои зарурии забони англисиро омӯзонам, аммо он вақт муваффақ нашудам. 15-20 навор таҳия кардам ва чун ба худам писанд наомаданд, дигар давом надодам. Дар миён танаффуси калон доштам ва моҳи июли соли гузашта боз кори блогериро оғоз кардам. Инак, наздики 60 ҳазор обуначӣ маро пайгирӣ мекунанд.
— Шумо имиҷи махсус доред. Дар наворҳоятон бо тоқӣ ва ҷома намудор мешавед. Чаро ин гуна имиҷро интихоб кардед?
— Бояд бигӯям, ки ман намехоҳам ба ҳама монанд бошам ва ин аз кибр нест, балки худам будан мехоҳам. Тоқиву ҷома пӯшидан дар фикрам набуд. Дар оғози фаъолияти блогерӣ нафаре аз наздиконам бандагӣ ба ҷо оварду ҳамроҳи падарам ба дуохонӣ рафтем. Вақте ба хона баргаштем, дар сарам тоқӣ буд ва модарам маро дидан замон бо табассум гуфтанд, ки “тупӣ зебидааст”. Ба худ гуфтам, ки агар модарамро ин тоқӣ хандонда бошад, бояд ҳамин тавр баромад кунам. Ҳам аз дигарон фарқ мекунам ва ҳам шавқовар аст. Пас аз чанд навор, ба хулосае омадам, ки хуб мешавад дар баробари тоқӣ ҷома низ пӯшам ва ҳамин хел имиҷам пайдо шуд.
— Шумо дар ҳар наворатон калимаву ибораҳои забони англисиро ба мардум мефаҳмонед, аммо то он ибораи даркорӣ хеле гап мегӯед. Барои наворҳоятон пешакӣ матн менависед ё бадоҳатан мегӯед?
— Дар аввал бадоҳатан мегуфтам, аммо ба хулосае омадам, ки бояд нависам. Ҳоло як дафтар дорам, ки ҳамеша идеяҳои видеоҳоямро менависам. Менависам, месозам ва баъд сабту нашр мекунам.
— Тавре медонем, санаи 16-уми марти соли 2011 шуморо бародаратон маҷбурӣ ба маркази забономӯзӣ бурдаанд. Агар ҳамон вақт чунин тасмим намешуд, ҳоло кӣ мебудед?
— Агар чунин намешуд, шояд ҳоло ё сартарош мебудам ё дар сохтмон кор мекардам. Сартарош будан ё дар сохтмон кор кардан ягон ҷойи айб надорад, балки меҳнат шараф аст. Азбаски бародарам дар сохтмон кор мекарданд, ба ман гуфтанд, ки ту бояд мисли мо дар ҳавои сарду берун кор накунӣ. Агар хуб таҳсил кунӣ, зиндагиву кори беҳтар дошта метавонӣ.
— Муддати 13 сол шумо забон меомӯзеду забон меомӯзонед. Боре аз баҳри омӯзиш баромаданро кардаед?
— Боре не, балки бисёр шудааст. Аммо чун мақсад бузург буд, аз роҳам нагаштам.
— Дар баъзе наворҳоятон мебинем, ки бо ҳамсаратон шӯхӣ мекунед. Аз шумо хафа намешаванд?
— Не, хеле шахси мефаҳмидагӣ ҳастанд. Аслан мо забони муҳаббати ҳамдигарро хуб омӯхтаем.
— Кай ба Тоҷикистон меоед ва барои Ватанамон чӣ хизмат карда метавонед?
— Насиб бошад, тобистон меоем. Ният дорам чанд маркази забономӯзӣ фаъол намуда, барои ҳамватанон хизмат кунем.
— Умед мебандем, ки ниятҳои неки шумо амалӣ мешаванд. Ташаккур барои суҳбат.
— Саломат бошед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ