Муаммои 72 миллат. Ё чаро Ислом пора шуд?

Кас зи ҳафтоду ду миллат ин муаммо ҳал накард,

К-ин ҳама мазҳаб чаро дар дини як пайғамбар аст?!

Калими Кошонӣ

Бо гузашти бештар аз 1400 соли интишори Исломи Муҳаммадӣ аз ваҳдату ҳамдилию ҳамбастагии мусалмонони сайёра нишоне намондаву ояти “Муъмин бародари муъмин аст”, ки сарчашмаи ваҳдатзову яке аз омилҳои пирӯзии ин дини муқаддас буд, ҳазорон афсӯс, ки дигар ба шоҳу оятуллоҳ, олиҷоҳу олампаноҳ беасар аст. Ҷангҳову муноқишаҳои беҳисоби мазҳабӣ гувоҳи гуфтаҳост. Исломи поку воҳидро пора-пора, ба мазҳабу фирқаву ҷараёну аҳзоб тақсим намудаву садсолаҳост мусалмон мусалмонро руҳану ҷисман террор мекунад. Мутаасифона баъди пирӯзии ислом бар империяи мо бо гузашти асрҳо Ориё низ ғарқи Ислом ва дар заминаи мазоҳиб пора шуд ва ин ихтилофҳо моро бо мо бегона кард. Тасаввур кунед, сохти давлатдорию мазҳаббозиҳо халал намерасонду 100 миллион Ориёнажодони форсигӯи Тоҷикистону Афғонистону Эрон бо хату забону нажоди муштарак, бигузор дар давлатҳои мустақил ба ҳам меомадему «Иттиҳоди Давлатҳои Форсизабон»-ро монанди туркнажодон таъсис медодем, чӣ иттиҳоди бузурге мешуд. Афсӯс!

Маъзур, ки аз мавзуи аввала дуртар рафтам. Акнун назар афканед ба шикастапораҳои Ислом:

1. Шиа;

2. Суннӣ;

3. Сабииён;

4. Зайдия;

5. Имомия;

6. Кайсония;

7. Хавориҷ;

8. Азрақия;

9. Наҷдия;

10. Суфрия;

11. Аҷорида;

12. Ибозия;

13. Язидия;

14. Мурҷиа;

15. Муътазила;

16. Қадария;

17. Ҷабрия;

18. Ҷаҳмия;

19. Баҳоия;

20. Салафия;

21. Ваҳҳобия;

22. Маймуния…

Бале Маймуния. Маймуния ҳам яке аз фирқаҳои исломисту асосгузораш Маймун ибни Аҷрад. Онҳо ба усули эътиқодии Ислом ва муқаррароти тавҳидии Қуръон ва суннат комилан мухолиф буда, аз назари аҳли суннат аз Ислом хориҷ дониста шудаанд. Ҳарчанд Ҳукм танҳо дасти Худост.

Дар хулоса ҳаминро бояд таъкид намоям:

Эй мусалмонон! Агар Як Худову Як Муҳаммаду Як Қуръон дошта бошед, пас чиро бояд тақсим карду то ба кай ин мазҳаббозӣ?!  

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР

(Ориёмеҳр ЗАРДУШТ)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *