Гавҳар Тоҷибоева: 55 сол аст, ки мошин меронам

Гавҳар Тоҷибоева дар 83-юмин баҳори умрашон қарор доранд. Ин бонуи ҳунар умри худро ба театр бахшидааст. Муҳаббат ба театр ва кино дар рагу ҷонашон аз падару модар мерос мондааст. Тоҳир Тоҷибоев, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва Башорат Тоҷибоева актрисаи мардумии Тоҷикистон волидони Гавҳар мебошанд. Ҳанӯз наврас буд, ки ӯро барои офаридани нақши духтараке ба театр даъват карданд. Ӯ дар филми Рустам ва Суҳроб яке аз нақшҳои марказиро бозида, боз садҳо нақшро дар кино ва театр иҷро карда, ба дили тамошобин роҳ ёфтааст. Гавҳар Тоҷибоева аввалин зани ронанда бо мошини сабукрав дар шаҳри Хуҷанд буд. Азбаски дар 55 соли ронанда буданаш боре ҳам қоидаҳои роҳу нақлиётро вайрон накардааст, чанд рӯз пеш ӯро ба ифтихорнома сарфароз гардониданд. Суҳбати мо бо ин бонуи пурҳунар атрофи зиндагӣ ва муваффақияташ дар соҳаи кино ва театр сурат гирифт.

— Муаллима, чаро волидонатон розӣ нашуданд, ки ба Омӯзишгоҳи театрии шаҳри Маскав дохил шавед?

— Падару модарам аҳли ҳунар буданд. Бародарам дар Маскав таҳсил мекард, агар ман ҳам мерафтам, волидонам танҳо мемонданд. Барои ҳамин иҷозат надоданд, вале аз талошҳоям пай бурданд, ки барои саҳна зода шудаам. Дар аввал ба техникуми политехникии шаҳри Хуҷанд дохил шудам, баъди ду соли таҳсил маро ба таҷрибаомӯзӣ равон карданд. Ман техникумро партофта, ба омӯзишгоҳи санъат рафтам. Аз соли 1961 дар театри Камол Хуҷандӣ кор мекунам.

— Мегӯянд ҳар нақше, ки ҳунарманд меофарад, мисли тавлиди фарзанд дар ҳаёташ фаромӯшнашаванда мемонад. Кадом нақшҳои офаридаатон то имрӯз дар хотиратон ҳаст?

— То вақте як саҳна пешкаши тамошобин мешавад, ҳунарманд чандин маротиба мемираду зинда мешавад. Нақшҳо аз филми “Рустам ва Сӯҳроб”, “Арӯси шаҳрӣ”, “Модар нигарон”, “Ҳеҷ будагон”, “Бачаи обӣ”, “Ишқи маҳтобӣ” бештар бароям азизанд.

— Шумо яке аз қаҳрамонҳои филми Рустам ва Суҳроб ҳастед, чӣ хотираҳо аз сабти ин филм доред?

— Ман дар ин филм нақши Парвинаро бозидаам, Парвина бо Гурдофарид меҷангад. “Турониён боз сар бардошанд, чун мӯру малах меоянд”, ҳамин монолог ҳамеша дар хотираи ман чарх мезанад.

— Волидони ҳунармандатон дар рушди касбии шумо саҳмгузор буданд?

— Устодони ман падару модарам буданд. Ҳар хатогие, ки дар театр роҳ медодам, дар хона ислоҳ мекарданд.

— Феълан таваҷҷуҳи мардум то андозае ба театр кам шудааст, нақшаи кории шумо чӣ гуна тартиб дода шудааст?

— Дар песаи Дили модар”-и Сайрам Исоева моҳи март нақши пиразанро иҷро кардам. Маро бештар ба филму клипҳо даъват мекунанд. Акнун, ки пир шудам, нақши пиразанро бештар бозӣ мекунам, дар театр камтар нақш меофарам.

— Таҷрибаи кории шумо зиёда аз 62 сол аст ва тӯли ин солҳо ҳамеша дар миёни халқ ва хизмати мардум будед. Шаби эҷодиатонро дар чанд солагиатон гузаронида будед?

— Дар синни 70-солагӣ шаби эҷодиамро гузаронида будам.

Аз суханҳоятон бармеояд, ки ба театр ва саҳна меҳри беандоза доштед. Муҳаббат ба касбу ҳунар дар интихоби ҳамсар мушкилӣ эҷод накард?

— Маро ҳамсарам дар театр дида, маъқул карданд, ҳамдигарро писандидему оиладор шудем. Соҳиби се фарзанд, 8 набера ва 11 абера мебошам.

— Барои як зан нигоҳубини кӯдак ва шавҳар, ҳамчунин кори театр мушкил набуд?

— Мушкил буд, модарам барвақт вафот карданд, хушдоманам ҳамроҳам набуданд. Маҷбур гоҳҳо фарзандонамро ҳамроҳ мебурдам.

— Чуноне маълумот дорем, шумо ронанда ҳам ҳастед ва ба хотири қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон накардан аз ҷониби шуъбаи БДА-и шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ гардидед…

— Бале, ман аз 28-солагӣ ронандагӣ мекунам. Соли 1968 вақте фарзанди дуюмам таваллуд шуд, мушкилии ба ҷои кор рафтан зиёдтар шуд. Гоҳҳо кӯдаконро дар хона маҳкам карда, ба кор мерафтам ва барои онҳоро хабар гирифтан, вақти зиёд сарф мешуд. Ба хотири сарфаи вақт дар курси семоҳа таҳсил карда, ҳуҷҷати ронандагӣ гирифтам.

— Ҳамон солҳо занҳои ронанда бисёр буданд?

— Танҳо Шарофат ном зан мошини Самосвалт меронд ва ман аввалин зане будам, ки мошини сабукрав мерондам.

— Назари мардум ба занҳои ронанда чӣ гуна буд?

— Бештар тааҷҷуб мекарданду бо ҳавас менигаристанд. Имрӯз бошад, шумораи занҳои ронанда хеле зиёд аст, ки нишонаи ободии Ватану осудагии кишвари азизамон мебошад.

Суҳбаторо: М. ДАВЛАТОВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *