Муаррифии натиҷаҳои Конфронси дуюми оби Душанбе дар СММ

Дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор бо ташаббуси ниҳоди  “СММ-Об” дар ҳамкорӣ бо ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд нишасти махсуси Ҳадафи шашуми рушд баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, нишасти мазкур бо суханронии муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Женмин, Раиси ниҳоди “СММ-Об”, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо ва Президенти тозаинтихоби 77-уми Маҷмаи Умумии СММ Чаба Короши ифтитоҳ гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти нишаст Фиристодаи вежаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим Султон Раҳимзода натиҷаҳои Конфронси дуюми оби Душанберо муаррифӣ намуда, аз аҳамият ва саҳми маъракаи мазкур барои омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 (Ню-Йорк) сухан гуфтааст.

— Зимни чорабинии номбурда кормандони намояндагиҳои доимии Сенегал, Япония, Португалия, Миср, Швейтсария, Словения ва Финляндия дар назди СММ, Котиби давлатии парламентии Вазорати муҳити зист ва ҳифзи истеъмолкунандагони Федералии Германия хонум Беттина Хоффман ва Дабири кулли Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WМO) Петтери Таалас низ дар бораи чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ дар пешорӯи баргузории Конфронси оби СММ баромад карданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *