Қувваозмоии “Делфин” ва “Моҳича” дар Хуҷанд. Натиҷа: мусовӣ

Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ ва Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ширхоргоҳ-кўдакистони №31-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ бо номи “Шоҳи обӣ” ташкил ва гузаронида шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар мусобиқа тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии №31 ва №32 бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Ҳарду дастаҳо аз 6 нафар кўдак иборат буда, дастаи якум бо номи “Делфин” ва дастаи дуюм бо номи “Моҳича” бо ҳам аз рўйи 5 шарт дар рақобат шуданд.

— Мусобиқаро мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муҳайё Акмалхўҷаева ва маъмурияти кўдакистонҳо мушоҳида намуда, ба фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *