Муаррихи тоҷик бо ҷоизаи Русия қадрдонӣ шуд

Муаррихи тоҷик Ғафур Шерматов бо ҷоизаи давлатии Русия сарфароз гардид.

Ин ҷоиза барои хизматҳояш дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқҳои Русия ва Тоҷикистон супорида шудааст.  Ордени «Дӯстии Русия»-ро ба ӯ сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар маросими тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба тақдим намуд.

Ба гуфтаи сафири Русия, Шерматов барои ҳифзи хотираи муштараки таърихӣ ҳама корҳоро мекунад. Ӯ изҳор дошт, ки муаррих ба ҳифзи ёдгориҳои меъмории Душанбе ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ машғул буда, ҳамзамон дар бораи дивизияҳои аз ҳисоби тоҷикон ташкилшуда, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷангидаанд, китобҳо менависад.

Ғафур Шерматов номзади илмҳои таърих, роҳбари гурӯҳи ҷустуҷӯии ёдбудии «Памят-201» ё худ «Хотира-201» мебошад, ки дар назди пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон фаъолият дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *