Роҳи ибратомӯзи падар

Роҳи тайкардаи Қурбон Зарифов басе ноҳамвор, пур аз шебу фароз буд. Он аз деҳаи Эгузаки ноҳияи Балҷувон оғоз гардида, то Прагаю Манҷурия тӯл мекашад…

Қурбон Зарифов 6-уми майи соли 1924 дар деҳаи Эгузаки ноҳияи Балҷувон, дар оилаи деҳқон ба дунё меояд. Рехтани арақи ҷабин дар киштзор, шабҳои тӯлонӣ китобу қалам зери лампаи ларзон ҷисму рӯҳи ӯро қавӣ месохтанд. Аммо ҳаёти осоишта зиёд давом намекунад. Хабари Ҷанги Бузурги Ватанӣ тифлони он замонро ба курраи оташ меафканад. Қурбон аз ҷумла истисно набуд. Ӯ, хонандаи синфи ҳафт, соли 1942 ба артиши Шӯравӣ даъват мешавад. Ҷабҳаҳои Воронеж, якум ва дуюм ва Украина, амалиётҳои ҷангӣ алайҳи Японияи миллитаристӣ ва Манҷурия майдонҳои ҳарбу зарби ӯ буданд.

Оташи ҷанг навраси ҳанӯз лаззати ширинии наврасию ҷавонӣ ночашидаро марди баркамол месозад. Аскари қаторӣ баъди ғалаба бар фашизм дар тан либоси афсарӣ — капитан ба ватан бармегардад.

Акнун ҳар иди Ғалаба сари синаи ӯро медалҳои «Барои ҷасорат» (1944-1946), «Барои ғалаба бар Германия», «Барои гирифтани Берлин», «Барои озод кардани Прага» ороиш медоданд.

Аммо дар ватан ҷабҳаи дигар вайро интизор буд: ҷанг бо бесаводӣ, мубориза барои барқарор кардани маориф, хоҷагии халқ. Аммо барои он ӯро лозим омад аввал худ биомӯзад, сатҳи донишашро баланд бардорад. Қурбон Зарифов дар мактаби ҳизбии назди КМ ҲК Тоҷикистон ва баъдан дар Мактаби Олии Ҳизбии назди КМ КПСС таҳсил ва онро дар соли 1965 хатм мекунад. Ӯ ҳамчун муаллим, сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи Ҳизби коммунисти ноҳия, роҳбари муассисаҳои таълимӣ ва раиси колхоз фаъолият намуда, саҳми назаррасро дар соҳаи маориф ва хоҷагии деҳқонии ноҳия ва минтақаи Кӯлоб гузоштааст.

Як ҳамрадифи ӯ — Давлат Назаров, ки солҳои зиёд бо Қурбон Зарифов кор кардааст, чунин мегӯяд: “Қурбон Зарифовро шахси боадаб, бофазилат, маорифпарвар мешиносам. Ӯ садоқат ба Ватанро дар ҷойи аввал мегузошт, бечоранолиро дӯст намедошт. Дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа фаъол, дар рушди маҳал саҳмгузор буд. Фаъолияти ӯ дар доираи як маҳал маҳдуд намешуд, ҳаёти фарҳангӣ, рушди маориф ва санъати минтақаро фаро мегирифт. Тарбияи ҷавонон яке аз самтҳои кори ӯ буд. Роҳбарии лоиҳаҳои гуногуни таълимиро, ки ба баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ ва маърифати ҷавонон нигаронида шуда буданд, ба уҳда дошт. Ӯ дар мактабҳо ва анҷуманҳо ҷавононро таъкид мекард, ки дар таҳсил, худидоракунӣ, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошанд”.

Таҷриба ва дониши Қурбон Зарифов барои бисёре аз ҷавонон ибратомӯз буд. Маслиҳатҳо ва тавсияҳои ӯ ба бисёриҳо ҷиҳати соҳиб шудан ба муваффақиятҳо кумак кардаанд. Вай на танҳо дониш меомӯзонд, балки ба дастёбии мақсадҳои бузург илҳом мебахшид, аҳамияти саъю кӯшиш, диёнат ва масъулиятро таъкид мекард.

Қурбон Зарифов падари даҳ фарзанд буд, ки онҳоро бо рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстӣ тарбия кардааст. Таъсири тарбияи ӯ дар зиндагии онҳо ба таври назаррас боқӣ мондааст, хусусан дар ҳаёти писари калониаш Ҳамрохон, ки аз солҳои 2006 то 2013 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.

Ҳамрохон Зарифӣ аз падар ёдовар шуда, ӯро чунин ба тасвир меорад: “Дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таҳсил мекардам. Моҳи ноябр тасмим гирифтам, ки волидайнамро зиёрат кунам. Ба автовокзал рафтам, роҳпулии таксии боркаш (он замон мошинҳои боркаши болопӯшдор нақши автобусро иҷро мекарданд) то Фархор як рубл аст, вале ман танҳо 75 тин доштам. Ронанда ба савор шудан монеъ шуд. Таваккал кардаму пиёда ба роҳ баромадам. Хастагӣ бо гуруснагию ташнагӣ даромехта буд. Баъд аз зуҳр ба нуқтаи сарҳадии ноҳия расидам. Фархор дар ҳамсарҳадии Афғонистон аст ва он замон сарҳадбонон ба ҷуз сокинони маҳал дигаронро бе иҷозатнома ворид шудан намегузоштанд. Пас аз пурсупос сарҳадбон ба ман иҷозати ворид шудан дод. Ногоҳ назарам ба мошини боркаше афтод, ки гумон кардам Фархор меравад. Ба он наздик шудам. Дар кабина падар нишаста буданд. Ба падарам фаҳмонидам, ки хона равон ҳастам. Падар даст ба ҷайб бурд ва хост пул диҳад. “Дорам” гуфтам. Падарам ба Душанбе сафари хизматӣ дошт. Тақрибан нисфи шаб ба Фархор расидам ва ба ҳавлӣ даромадам. Модарам сабаби ин қадар дер омаданамро пурсид. Ба хотири он ки ба таҳлука наафтад, “дар роҳ мошин шикаст, барои ҳамин дер шуд” гуфтам.

Ин сафар тасдиқи таълимот ва арзишҳои падарам буд, ки ба мо ҳамеша таъкид мекард: “Дар ҳаёт мустақил ва қавӣ бошед ва ҳеҷ гоҳ аз касе чизе талаб накунед, барои расидан ба ҳадафҳо ва ғолиб омадан бар мушкилот мубориза баред”.

Баъдан дар зиндагӣ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ омадам. Вале ҳамеша мушкилоти давраи ҷавониро пеши назар меовардам, худро қавӣ мегирифтам. Ин ҳама машаққатҳое, ки падар ва мо — фарзандони ӯ кашида будем дар зиндагӣ, бароям дарсе буданд, ки ҳаросон шудан намегузоштанд”.

Қурбон Зарифов нақши муҳимро дар шаклгирии шахсияти фарзандонаш бозидааст, ба онҳо сифатҳое чун ирода, қатъият, мустақилият ва қобилияти мубориза бо мушкилотро пайваста омӯхтааст. Ҳар он чизе, ки фарзандонаш дар зиндагӣ ва кор ба даст овардаанд, ба падар, тарбияи ӯ, одобу анъанаҳо, сабки ҳаёт, муносибат ба некӣ ва бадӣ мансубанд. Талабот, сахтгирӣ ва фидокории ӯ дар роҳи адолат ба ҳама писанд набуд. Аммо ин роҳе буд, ки ӯ интихоб карда ва ба фарзандон таълим дода буд.

Қурбон Зарифов шахсияте буд, ки ба арзишҳои ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ ва таълиму тарбия аҳамияти калон медод. Ӯ ҳамчун падар, муаллим ва роҳбар дар замони худ мавқеи эътирофшуда дошт. Қурбон Зарифов бо истифода аз таҷрибаи худ дар ҳаёт ва хидмати ҳарбӣ, ба фарзандонаш дарсҳои пурқиммати зиндагиро омӯхт.

Қурбон Зарифов декабри соли 1978 дар садамаи мошин дар Фархор дар синни 49-солагӣ даргузашт. Агар умр вафо мекард, дар ин рӯзҳои ғалаба иштирокчии ҷанги Бузурги Ватанӣ, ветерани меҳнат, капитан Қурбон Зарифов ба синни 100 мерасид…

О. Соҳибзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *