Муассиси клуби сайёҳии «ДайДушки» зери тарма монд
Ҷаъфар Осимов, муассиси клуби сайёҳии «ДайДушки» дар осоишгоҳи лижаронии Сафед-Дара ба таври фоҷиабор даргузашт.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, номбурда 25-уми январ ҳангоми лижаронӣ бо дӯстонаш, дар пайи риоя нашудани чораҳои бехатарӣ зери тарма монданд.
Ду нафар тавонистанд, ки аз зери тарма берун шаванд. Аммо вақте ки наҷотдиҳандагон Ҷаъфар Осимовро пайдо карданд, аллакай ҷон бохта буд.
Дӯстони ӯ ҷароҳатҳои сабук бардошта, ба бемористон интиқол дода шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ