Муаттар: Духтарамро куштанду шустанду “хунро надидем” гуфтанд

Дар моҳи мубораки Рамазон ғами гарон ба сарам омад. Ғаме,  ки маро зиндадаргӯр кард. Ин ҳодисаи гушношунид, ин ҳодисаи ваҳшониятбор санаи 19 май рух дод, ки моҳи муборакро нав ду рӯз шуда буд. Киро дар гӯшаи хаёлаш меояд, ки дар ин моҳ ба ҷои ислоҳ шудан, тавбаю надомат кардан, раҳмдилу меҳрубон ва худотарс шудан зан даст ба куштор мезанад?  Агар духтарамро ба ҷои бегона ё диёри бегона медоду ҷавонимарг мешуд мегуфтам, ки одамони ношинос буданду надонистам, ки чунин ваҳшиянд. Охир мо духарамро ба амакписари хунии худаш дода будем ва ӯ аз дасти на танҳо хоҳаршӯй, балки аз дасти  амакдухтари худаш кушта шуд-бо ранги зардгаштаю чашмони ашколуд нақл кард, модари Гулшода Ҳоҷиеваи ғурамарг- Муаттар Додоҷонова:      

Ҳамон шабу рӯзи ҳодиса  дар худ  набудам,  аммо акнун шишта-шишта фикр мекунам, ки модару духтар ду по дар як мӯза “хун набуд-хунро надидем” мегӯянд, ҳатто дар ҳузури прокурори шаҳр ва кормандони милитсия ҳам ҳамин гапро такрор карданд. Магар шиками   духтари маро чоку пора мекунанду хун намебарояд?  Духтарамро куштаю шуста ҷо ба ҷо кардаанд, аммо акнун ба сарам меояд, ки саволе ки либосҳои вақти куштанашон  дар танашбуда дар куҷо аст? Кай ва чӣ тарв кашиданду пинҳон карданд? Ҳар гоҳ кордро ба дастам гирам мағз-мағзи ҷонам ба дарду сӯзиш медарояд. Тасаввур кунед нохунамонро чуқуртар гирем то дами гӯшт пур кардан дард мекунаду месӯзад, пас вақти қайсингилаш кордро ба шиками духтаракам халонидан ӯ чӣ қадар дард кашида бошад? Чӣ қадар барои наҷот ёфтан дасту пой зада бошад? Чӣ қадар аҳли оила ва ҳақу ҳамсояро ба ёрдам хонда бошад? Чӣ қадар азоб кашидаю ҷон канда бошад?… аз худ мепурсад ин модари ҷигаргумкарда…

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила”  мутолиа намоед.

Фарзона Муродӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *